Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Дастури Бердимуҳаммадов барои дучархасавории туркманҳо

11 июн 2013, 11:53

Бо дастури Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, рӯзи 1-уми сентябр дар ин кишвар “Рӯзи дучархасаворӣ” эълон гардидааст.

Тавре расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дастур додааст, ки тамоми мардуми кишвараш рӯзи 1-уми сентябр савори дучарха шаванд. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Туркманистон ин иқдом ба хотири беҳтар гардидани саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва машҳур гардидани варзиши дучарха гирифта шудааст.

Ба гузориши манбаъ, дар ин рӯз, тамоми шаҳрвандони Туркманистон аз кӯдакон сар карда, то донишомӯзони макотиби олию миёна ва кормандони муассисаҳои давлатию хусусӣ бояд дар кӯчаҳо савори дучарха шаванд.

Дар мавриди чигуна ҷазо муқаррар шудан ба афроде, ки аз рондани дучарха дар ин рӯз худдорӣ мекунанд ё худи раисиҷумҳур савори дучар хоҳад шуд ё на, чизе гуфта нашудааст.

Ёдрас менамоем, соли 2012 ВАО-и Туркманистон аз он хабар дода буд, ки ин кишвар талош дорад, ҳаққи гузаронидани мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дучархасавориро ба даст орад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!