Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Мушкили ТВ «СМТ»-ро кумитаи телевизион ва радио ҳал карда наметавонад

15 июл 2011, 08:22

Раҳбарияти телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон»-ро зарур аст, барои бартараф кардани мушкили пахши барномаҳояш ба Хадамоти алоқа муроҷиат кунад.


Асадулло Раҳмонов, райиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ин нуктаро имрӯз, зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, кумитаи мо салоҳияти ҳал кардани ин мушкилро надорад. Ба қавли раиси кумита, басомади 29 баъди солҳои 1991 тибқи шартнома ба дивизияи 201-и тирандозии Русия мустақар дар Тоҷикистон таалуқ дошт, аммо мӯҳлати ин қарордод кайҳост, ки анҷом ёфтааст. Дар айни замон басомади мазкур ба шабакаи телевизионии «СМТ» тибқи қонунҳои роиҷ ва санадҳои зарурӣ дода шудааст.

Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз моҳи октябри соли 2009 дар пахши барномаҳои ягона шабакаи телевизионии мустақили пойтахт, мавсум ба «СМТ» мушкили фаннӣ эҷод гардида, то ин замон рӯи мавҷи 29 барномаҳои телевизиони русии «ОРТ» ва «СМТ»  муштаракан намоиш дода мешаванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!