Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:14

80 нафар зери номаи кушод ба раисиҷумҳур имзо гузоштаанд

11 июн 2013, 15:20

Зери номаи кушоди рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки чоруми июн дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд, то имрӯз 80 нафар имзо гузоштаанд.

То ҳол номаро намояндагони касбу кори гуногун, аз қабили адибону рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносону соҳибкорон ва коршиносон, аз ҷумла Умед Бобохонов, Темур Варқӣ, Марат Мамадшоев, Мирзои Салимпур, Парвина Ҳамидова, Улфатхонум Мамадшоева, Парвина Ибодова, Амалхонум Гаҷиева, Далер Ғуфронов, Раҷаби Мирзо, Бахтиёр Аминӣ, Олег Панфилов, Лола Олимова, Орзу Исоев, Рамзия Мирзобекова, Иршод Сулаймонӣ, Константин Бондаренко, Нозим Эшонқулов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Галина Юнусова, Алӣ Мастов, Асомиддин Атоев ва дигарон имзо кардаанд.

Инак, матни комили номаи гуруҳе аз рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба президент Раҳмон:

“Мӯҳтарам президент!

Зиёиён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд, ҳама талошҳои ҳукуматро барои беҳбуд бахшидан ба оромии шаҳрвандон ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлат пуштибонӣ кунанд. Аммо дар баробари ин, моро равандҳои носолими иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла фишор нисбат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифин нигарон кардааст.

Вақтҳои охир риоя нашудани Қонуни асосӣ, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои роҳбари гурӯҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав, Зайд Саидов, фишор ба аъзо ва муассисони Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба назар мерасанд.

Ҷаноби президент!
Баъд аз он ки Зайд Саидов боздошт шуду лағви дахлонапазирияшро ҳамчун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе бо санаи хеле пештар тартиб доданд ва айбномае, ки дар баробари ӯ эълон гардид, моро ба хулосае водор кардааст, ки ин қазия хислати сиёсӣ дошта, ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав рабт мегирад. Дар боздошти Зайд Саидов, нигаҳдории ӯ ва лағви ваколатҳои вакилияш чандин бандҳои қонунгузории кишвар ва ҳатто Қонуни асосӣ поймол карда шудаанд.

Давлат ва ҳукумат танҳо дар он ҳолат метавонад пойдор бошад ва бар зидди фишорҳои даруниву берунӣ мубориза барад, ки ба ҷонибдории шаҳрвандон такя кунанд. Аммо аз корҳое, ки дар рӯзҳои охир рух дода истодаанд, чунин бардошт мешавад, ки гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат махсус мехоҳанд ҳукуматро бо ин кори худ аз мардум дур созанд.

Ғайр аз ин, боздошти Зайд Саидов барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва обрӯи давлати моро дар назди ҷаҳониён коҳиш медиҳад.

Аз ин хотир, аз Шумо ҳамчун кафили Қонуни асосӣ хоҳиш мекунем, ба ин кор дахолати бевосита намоед, то ки сохторҳои қудратӣ аз доираи ӯҳдадориҳои худ набаромада, аз пайи ҳалли ин масъала шаванд. Итминони комил дорем, аз рӯи адолат ҳал шудани мушкили Зайд Саидов метавонад барои амнияти кишвар, барои зиёд шудани боварии мардум ба раванди интихоботи президентии дар пешистода ва барои обрӯи Шумо ва ҳам кишвари мо таъсири мусбат расонад.

Умед ба хиради сиёсии Шумо ва волоияти қонун дар кишвар дорем”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ahmed

  • 12 июн 2013 05:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Umed az ALLOH dorem. Az digarosh umedmona ba kulli kandaem.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!