Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Номаи хонанда: Чаро моро нашъаҷаллоб мегӯянд?

11 июн 2013, 17:54

Редаксияи азиз!

Ин номаро маҳз ба хотири он ба Шумо мефиристам, ки “Озодагон”-ро ягона расонаи воқеъбин ва ҷасур дарёфтам. Ҳар рӯз се бор ба сайти Шумо медароям, то бифаҳмам, ки дар кишвар чӣ мегузарад.

Имрӯз, вақте ба сомонаи “Википедия” даромадам, ҳуш аз сарам парид. Тоҷикистонро дар бахши ахбори ҷиноии сомонаи “Википедия” ҳамчун кишвари нашъаҷаллобон муаррифӣ кардаанд.

Аз шарм қариб буд, гиря кунам. Замоне мардуми моро ҳамчун мардуми аҳли фарҳангу адаб медонистанд, аммо ҳоло ҳамчун нашъаҷаллоб. Шармандагӣ ва боз ҳам шармандагӣ. Охир, ҳар рӯз миллионҳо нафар ба “Википедия” медароянд ва ин маълумотро мехонанд.

Боис ба таассуф аст, ки ҳатто бархе аз кормандони боломақоми давлатӣ, ба қавле нашъаҷаллобонро пуштибонӣ мекунанд. Наход, то ба ин андоза аз шарму ҳаё дур шудаем, ки чунин нафарон дар давлати мо кор мекунанд? Наход, ин ҳарфҳо рост бошанд?

Бори дигар маъзарат мехоҳам, агар вақти зиёди Шуморо гирифта бошам.

Бо эҳтиром,
Назира Мирзоева, шаҳрванди Тоҷикистони офтобӣ”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Malik

  • 11 июн 2013 19:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Назирачон хохарам, масъалаи бардошагии шумо моро хам ба нанг меорад. Лек чи илоч. На шарм хасту на хае ва на эхтиром ба чомеа
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман чонибдори он хастам ки он мансабдороне ки хешу таборхояшон дар корхои чинои алалхусус нашаъачалоби муттахам шудаанд, аз мансабхои худббарканор шаванд. Номи неки миллат аз вазифахои онхо кимматтар аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сад афсус ки ин суханхо ростанд, баъзе мансабдорони сохторхои кудрати ва амнияти ба ин корхои номатлуб ва наговар дар чахон "шухрат" пайдо кардаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
9-килограмме, ки бо он чаноби Рустам Хукумов -писари сардори рохи охани Точикистон дар Руссия ба даст афтон, далели он аст, ки Точикистон сазовори чунин муаррифи бошад. Албатта ин дард аст, барои ману шумо-шахрвандони одии....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Interesno nafare ki ba u in noma daylight dorad, az hondani in noma surhu kabud meshavad?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба бародар бо номи шухрат.
Эй дуст агар баъзе аз мансабдорони ниходхои кудратии мо аз руи нангу номус Кор мекарданд, дар чомеа беадолати ва конуншикани то ба ин дарача рушд намекард.
Он мансабдоре ки ин макола ба у дахл дорад хикояи назираи муаллифро хондааст, вале караки меандозад гуе ба у дахл надорад. Лекин мо медонем ку ин камбуди аслан ба онхое дахл дорад ки писарон ва додаронашон бо ин чурми нанговар муттахам шудаанд
Malik,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба гуфтахои хамватанон пурра рози хастам. Нафаре ки додар е писараш дар масоили марбут ба нашъачаллоьи муттахам шудаанд, бояд вазифахои худро харчи зудтар холи кунанд.
Пеш аз интихобот агар президент ин афродро аз мансабхояшон сабукдуш кунад, обу руяш боло меравад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо гуфтахои бародар ва хохарон хамсадо хастам. Баъзе мансабдорони ниходхои амниятию кудрати ки чомеа онхоро хамчун ака е падари нашъачалоб мешиносад, хатман бояд тарки курси кунанд.
Чаноби оли бояд ин карорро гарчи осон нест нисбати онхо кабул кунад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!