Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:35

Мудири "Озодӣ" гуфт, шарҳи Вазорати хориҷаро қабул надоранд

12 июн 2013, 11:31

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баҳси додгоҳии Абдуқаюми Қаюмзод бо Радиои Озодӣ, ки рӯзи 12-уми июн дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт идома кард, ҳозир нашуд. Дар ҳоле ки ба қавли раисикунандаи мурофиа, онҳо қаблан барои иштироки дувумбора дар ин баҳси додгоҳӣ даъват шуда, қарор будааст, ҷузъиёти бештари аккредитатсия ё сабти ном нашудани Қаюмзодро шарҳ диҳанд.

Ба қавли Қутбиддин Ҳисайнов, раисикунандаи мурофиа, ӯ иллати ҳозир нашудани намояндагони Вазорати умури хориҷиро намедонад. Ин дар ҳолест, ки Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), мудири дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе, гуфт, дар сурати ҳозир шудани намояндагони Вазорати умури хориҷӣ ба онҳо чанд суоле дошт, ки бояд посух мегирифт.

Ҳафтаи гузашта Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар баҳси Абдуқаюми Қаюмзод бо Радиои Озодӣ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба суолҳо дар бораи аккредитатсия нашудани Қаюмзод қисман посух дод. Вай гуфта буд, дар асл Вазорати умури хориҷӣ вазифадор нест, сабаби надодани аккредитатсия ба Қаюмзодро шарҳ диҳад, вале ба хотири эҳтироми додрас ин корро иҷро хоҳад кард. Ӯ гуфт, баъд аз анҷоми муҳлати аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод вазорат 5-уми ноябри соли 2012 Радиои Озодиро расман огоҳ кардааст, ки фаъолияти ин хабарнигор 31-уми октябр анҷом ёфта, то сабти номи дуборааш набояд гузориш диҳад. “Лекин бо вуҷуди огоҳии вазорат мо ҳисоб кардем, ки беш аз 20 матлаби Қаюмзод дар радио пахш шуданд. Ин мухолифи муқаррароти додани аккредитатсия аст ва бинобар ин вазорат ба хабарнигор акредитатсия надод”,-афзуд Муродбек Асламов.

Аммо Хуршед Андамов мегӯяд, ин шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷиро дуруст намеҳисобанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Вазорати умури хориҷӣ онҳоро дар бораи пахшу нашр накардани гузоришҳои Абдуқаюми Қаюмзод огоҳ накарда буд. "Ин шарҳи онҳо саҳеҳ нест",-афзуд ӯ.

Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст. Қаюмзод ба додгоҳ муроҷиат карда, талаб дорад, ки ӯро ба ҷои кораш дар Радио барқарор кунаду моҳонаашро барои моҳҳое, ки ба кор нарафтааст, пардозад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!