Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Яман садумин кишваре, ки Косоворо ба расмият шинохт

12 июн 2013, 12:20

Ҷумҳурии Яман Косоворо ба расмият шинохт ва садумин кишваре шуд, ки истиқлолияти Косоворо эътироф мекунад.

Анвар Хоҷай, вазири умури хориҷии Косово дар саҳфаи Twitter-аш навишт, аз мақомоти Яман бо ин мазмун номае дарёфт кардааст.

"Ман бо вазири корҳои хориҷии Яман Абубакр Ал-Қурби суҳбат кардам. Ӯ тасдиқ кард, ки истиқлолияти Косоворо эътироф кардаанд",-афзудааст ӯ.

Мақомоти Косово бо кӯмаки ИМА ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 17-уми феврали соли 2008 ба таври якҷониба мустақилияти худ аз Сербияро эълон кард. Додгоҳи байналмилалии СММ дар Гаага моҳи июли соли 2010 гуфт, декларатсия дар мавриди мустақилияти Косово ба меъёрҳои байналмилалӣ муғойир нест. Баъди ин изҳорот наздики 30 кишвар мустақилияти Косоворо эътироф карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!