Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

«Google» ва «Facebook»: Сабқат дар бозори интернетии олам

15 июл 2011, 09:09

Маъруфияти шабакаи иҷтимоии интернетӣ, ки «Google» ҳамаги як моҳ қабл роҳандозӣ карда буд, босуръат меафзояд.


Тибқи маълумоти омории кормандони ин ширкат, шумори муштариёни  "Гугл-плас" /Google+/ ба 10 миллион расида, ахири ҳафтаи равон шояд наздики 20 миллион аз он истифода кунанд.Гуфта мешавад, шабакаи иҷтимоии мазкур, ҳанӯз ҳам марҳилаи санҷиширо аз сар мегузаронад ва фақат бо даъвати муштариёни сабтиномшуда, дигарон ба он пайваст шуда метавонанд. Пол Аллен, коршиноси байналмилалии васоити интернетӣ мегӯяд, агар «Гугл» дастрасӣ ба ин тарҳро масдуд накунад, теъдоди муштариёни шабака ба таври «прогресси геометрӣ» боло меравад. Шояд ҳисоб кардани истифодабарандагон он вақт душвориро ба миён орад, афзудааст ин коршинос.
Аммо ин рекорди «Гугл» дар қиёс ба шабакаи иҷтимоии интернетии «Фейсбук» гӯйё қатрае аз баҳр аст. Омори тахминӣ аз он бозгӯянд, ки шумори истифодабарандагони «Facebook» дар ҳоли ҳозир ба 750 миллион расида, то ду-се моҳи дигар миллиард одам вориди «тори интернетӣ» мегарданд.{jathumbnail off}













Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!