Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

4 000 сомонӣ ҷарима барои тӯйи исломӣ ё “мавлудхонӣ”?

12 июн 2013, 15:42

Маҳмудҷон Қосимов, як сокини бознишастаи ноҳияи Ашт (Суғд), дар пайи баргузории тӯйи хонадоршавии писараш ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст. Ин қарорро моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Ашт содир карда, сипас, дар авохири моҳи май додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасӣ ва бетағйир боқӣ гузоштааст.

Оқои Қосимов мегӯяд, ин ду додгоҳ вайро барои баргузории “мавлудхонӣ” ҷарима бастаанд, дар ҳоле ки вай тӯйи арӯсии писарашро баргузор карда буд, на мавлудхонӣ. Ба қавли ин сокини бознишастаи Ашт, ӯ барои даъвати овозхонҳо пул надошт ва аз ин рӯ хост, маъракаи писарашро бо ҳузури бархе аз рӯҳониён ва ҳамсояҳову наздиконаш баргузор кунад.

Ин маросим моҳи январи соли ҷорӣ баргузор шудааст, ки Идораи дини ноҳияи Ашт онро ғайриқонунӣ дониста, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ҳарчанд мақомоти додгоҳи ноҳияи Ашт ин қазияро шарҳ надодаанд, вале бино ба қавли бархе аз огоҳон, Идораи дин сабти тӯйро ҳам баррасӣ карда, дар оғоз онро чун амри маъруф ва дар додгоҳ онро чун мавлудхонӣ муаррифӣ намудааст.

Ин ҳодисаи аввали ҷарима бастан ва ё ба додгоҳ кашидани сокинон барои баргузории тӯйи исломӣ нест. Қаблан, дар соли 2011 додгоҳи Ашт як сокини шаҳраки Шайдон ва бархе аз масъулони дафтари ҲНИТ дар ноҳияро барои баргузории тӯйи исломӣ муттаҳам карда, наворбадори тӯй – Ҳусниддин Шарофовро барои панҷ рӯз пушти панҷара фиристода буд.


Акс аз Интернет


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тавба ин чи гап аст наворбардоро 5 руз пушти панчара ин хукумат соиб надорад пурсад ки барои чи наворбардоро махбас кардед.... Ин хама рохи пул кор кардан аст.
Посух додан
  • Фирдавс

  • 12 июн 2013 16:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кумитаи оид танзими тую маърака дар бораи туи духтари президент дар Пугус (кароргохи давлати) чи гуфтанист? Хап-ми? Зуратон факат ба сари бечораю бетаго?
Посух додан
  • Muhammad

  • 12 июн 2013 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tuye, ki dar on araqu hofiz naboshad chi joi badie dorad ki shumo jarima mekuned? shumo hama tarafdori fahshu rasvogi hasted? Mavlud chi joi badi dorad? Paygambaradro dust namedori ?
Посух додан
  • Точикбача

  • 12 июн 2013 18:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чароги зулми золим шабе сузад . шаби дигар намесузад !! ин конун факат барои камбагалхо. Инхо факат говсуд мекунанд .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарони азиз агар Шумо хам дар туйи писаратон сад 100 овозхон аз кабили Парда Косим, Давлатманд Холов ва овозхонони дигару машруботи алкоголиро бисёртар меовардед, мисли баъзехо бовар кунед хечкас пишаки Шуморо пишта намегуфт. Шумо, ки исрофкори накарда ва дар айни хол мардумр ба рохи рост хидоят кардед ин ба баъзе одамон намефорад, ки бачахои мардум ба рохи рост раванд, мехоханд бачахои мардум шароб нушанд, бе ирода, бе шахсият, нодон, чоплус, бошанд то онхоро ба максадхои худашон истифода баранд. Лекин бародар азиз дилшикаста нашавед, читваре, ки мегуянд Умри дуруг кутоху, умри рости дароз аст.
Посух додан
  • safar

  • 14 июн 2013 09:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чун мамлакат конуне содир кардаву ба тасвиб расонад онро риоят кардан карзу фарз аст. як чизеро ки 1000 сол кабл араб чори кардааст карзу фарзу суннат гуфта барояш чон меканему конуни давлати худамонро риоят намекунем. пас чи гуна давлат пешрафт мекардааст агар шахрвандонаш кавонини онро пушти по зананд. чунин касонро на ки чарима балки хабс бояд кард.замони сталин ки чуръат карда буд то чизи манъшударо ошкору пнхони гузаронад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Сафар: Ту маънии карзу фарзро аз кучо медони? Ту ки бедин хасти мегуи, ки арабхо 1000 сол конунхоеро болои мо чори кардаанд, ки мо аз он конун пайраи дорем хамчун фарзу суннат гуфта ва конуни давлати худамонро риоят намекунем. Барои ту чунин мегуям:
1. Конуни мо мусалмонхо то рузи махшар боки мемонад ва дигаргун намешавад.
2. Конуни ту мегуфтаги хар руз барои манфиати худатон хар соат алиш ё ин ки тагир меёбад монанди семучкае, ки мехойи ва туф мекуни хеч эътиборе надорад.
3. Бо ин конуни ту мегуфтаги дар кучояш омадаст, ки одамоне, ки туйи сунати барпо мекунанд хатман чарима ва хатто ба хабс гирифта шаванд? Ту моро гушзад хам намуди, ки агар давраи Сталин мебуд ин корро намекардед. Рафик Сафар! альон хамон давраи Сталини мегуфтагиат фаро расидааст. Як ба ВКД-ю зиндонхо сар халонед мебинед, ки чи гуна истинток мекунанд мардумро ана баъд аз шоди дар куртаятон намегунчед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба сафари бе дин .Хар чӣ донад хурдани қанду набот ту хар ҳасти ғайр аз алафи буйгин дигар чизеро намедони мавлуд кардан суннати пайғамбарамон аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!