Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:00

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён. Кӣ чӣ хоҳад гуфт?

12 июн 2013, 16:54

Интизор меравад, қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рӯҳониёни ин кишвар доир гардад.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, “ин мулоқот бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар он беш аз ҳазор рӯҳонӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок хоҳанд кард.”

“Мавзӯи сӯҳбати раисиҷумҳур бо рӯҳониён барои мо рӯшан нест. Вале бояд гуфт, ин мулоқот ба монанди мулоқоти нақшавии раисҷумҳур мебошад, ки чанде қабл бо ҷавонон низ анҷом ёфта буд”,-афзуд Мухторов.

То ҳоло санаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дақиқ нашуда ва ҳанӯз маълум нест, ин мулоқоти раисиҷумҳур ҳам кадом рӯз баргузор мешавад. Вале ин дувумин дидори оқои Раҳмон бо рӯҳониён хоҳад буд. Қаблан, дар соли 2009, мулоқоти ӯ бо гуруҳи рӯҳониёну донишмандон бахшида ба соли бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам дар Кохи Ваҳдати Душанбе сурат гирифта буд.

Ин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ моҳ пеш аз замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз номзадҳои алсӣ дар ин интихобот хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Said

  • 12 июн 2013 22:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аҷоиба ба ҷавонон дидем,ки айпед дода буданду ба ин муллоҳо чи ҳадя мекарда бошанд а?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба чавонон айпед дода бошад, ба муллохои дарбори 'айпул' медихад.?!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
раси чумхур ин маротиба аз усули нав кор гирифтаниаст.у низ фахмидаст киимруз он урухеки кишри рухонии чамиятро муаррифи мекунанд аз як лухтаке беш нестанд.барои хаминар музикае ки хукумат навозад албата онхо ракс хоханд кард.холо мебинем ки ба вохури ягон аъзои ХНИТ ки аз руи фахмиши бисёрихо муллохо мебошанддаъват карда намешаванд.
Посух додан
  • ПАРВИЗ

  • 13 июн 2013 10:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бА ФИКРАМ КИТОБИ КУРЪОН ХАДИЯ МЕКУНАД
Посух додан
  • саид

  • 13 июн 2013 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom rosti in vokhuriho khelo ta,siri musbat doda istoda ast chun ba,di vokhuri 70-80 dar sad dark mekunand ki hammai in ba khotiri intikhobot ast vale onho ziddi u ovoz medihand va namekhohand in fikri manast va goliban durust meoyad
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Не Парвиз КУРОНИ КАРИМ не балки АЙПАД-и китайски тухфа мекунад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!