Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Мансабдорон барои иҷро накардани корҳои бехатарӣ 17.135 сомонӣ ҷарима шуданд

15 июл 2011, 09:51

Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар саноат 41 нафар шахсони мансабдори  корхонаҳои мухталифи Тоҷикистон ба ҷавобагарии маъмурӣ кашида шудаанд.


Саврвари саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъаев мегӯяд, ин шахсон  бо камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд ва мутобиқ ба  кодекси ҳуқуқйронкунӣ ҷарима мешаванд. Аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва дастури вазифавӣ аз ҷумла устои калони   ҶСШК «Роғунэсстрой» Шоҳбадал Сафаров бо маблағи 1 400 сомонӣ,  Мунаваров, як масъули ҶСК «Тоҷикнақбсоз» бо маблағи 1435 сомонӣ ҷарима шудаанд  
-Бо сабаби иҷро накардани дастурамалҳои вазифавӣ, суст кардани назорат ҳангоми иҷроиши корҳои техникӣ бошад, сардори қитъа №1-и ҶСК «Тоҷикнақбсоз»  Сулаймон Ҳакимов 350 сомонӣ, сардори қитъаи   ҶДММ «Самт-2»  600 сомонӣ, барои дағалона  вайрон кардани меъёр ва дастурамалҳо, сармуҳандиси ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Самадов» Неъматов М. 1400 сомонӣ, сардори ТБ ҶСК  «ГОК Адрасмон»  Тоҷиев К. 800 сомонӣ ҷарима хоҳанд супорид, афзуд Ҷумъаев.
Гуфтанист, маблағи умумии ҷарима тайи шаш моҳи соли равон  17 ҳазору 135 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба «Озодагон» аз саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ иттилоъ доданд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!