Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Тоҷике аз Амрико дар бораи Бозор Собир ва хавфи ӯ аз исломиҳо

14 июн 2013, 10:26

Як хонандаи торнамои “Озодагон”, Носир Улмасзод, ки худро аз дӯстони Бозор Собир муаррифӣ кардааст, бо фиристодани 9 нома ба мо хоста, ки дар бораи ин шоири тоҷик китобе таълиф бишавад. Ба қавле, ӯ кони иттилоъ дар бораи Бозор Собир асту метавонад бидуни пардохти “гонорар” онро дар ихтиёри хабарнигорон бигузорад.

Оқои Улмасзод гуфтааст, солҳост, ки дар Амрико зиндагӣ дораду синнаш ҳам ба 77 расида ва ин номаҳоро бо як даст чоп мекунад. Ҳарчанд нуҳ номаи ӯ баъд аз сафари Бозор Собир ба Тоҷикистон навишта шудаанд, вале зоҳиран соҳиби нома аз бозгашти дӯсти худ ба ватанаш хабаре надошт.

Ӯ дар яке аз номаҳои худ менигорад, “Бозорҷон боз ба Душанбе рафтанист. Гуфтам, агар ҳукумат бо ту кордор нашавад ҳам, исломиҳо туро мекушанд. Ман тарсида будам, ки ӯ худро атеист эълон кард. Бозорҷон фикр карда монду гуфт, ки ҳа, исломиҳо ганда.”

Ба навиштаи ин хонандаи мо, ӯ аз дӯстони наздик ва ҳамдарси Темур Собиров, бародари Бозор Собир, буда, шаст сол боз бо худи шоир ҳам дӯстӣ доштааст. “Ман ҳамдарси акааш Темурҷон ҳастам. Мо дар як утоқи хобгоҳ зиндагӣ мекардем ва Бозорҷон пайваста ба пеши мо меомад. Лекин баъд аз он ки шоири маъруф шуд, ҳарчанд дар Душанбе будем, вале танҳо як бор дар ситоди Ҳизби демократ вохӯрдем. Ӯ аз он дар ҳайрат буд, ки ман ҳам узви ин ҳизб будам. Аз сабаби он ки одам зиёд буд, суҳбат карда натавонистем.”

Носир Улмасзод мегӯяд, дар оғози нооромиҳо чаҳор соат барои бозпурсӣ ба додситонӣ даъват шуда ва пас аз он ба Маскаву баъдан ба Амрико фирор намудааст. Оқои Улмасзод навишта, ки дар ватанаш барои ӯ ҳамагӣ панҷ доллар маоши бознишастагӣ таъин карда буданд, аммо ҳоло ӯ дар Амрико 700 доллар дарёфт мекунад ва танҳо як қисми он барои рӯзгузаронияш кофист.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • озод

  • 14 июн 2013 10:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кимба лозим ин Бозор Собир. хона даркораш буд гирифт. ту ки барои 700 долар ватанатро фурухти бо чи дар кор игвоангехтан.
Посух додан
  • Шахрванд

  • 14 июн 2013 11:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аку як темаи дигар барои ВАО-и Точикистон. Ки ба хами Бозори Ту кор дорад Мистер Носир Улмасзод. Хаму 700$ хуру гард. Бозор Собир туро кидат кард. Аку исломихо кор надоран хеста Бозоhчони туро мекушанд. Тема карди да ака.
Посух додан
  • Точикбача

  • 14 июн 2013 13:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар солхои 1991 аз хоби гарон хез хонданхои гандумнамои чавфуруш холо аз ёди одамон нарафтаст ин бозор собир демократия гуфта зиёда аз нухсадхазор одама бехонаву дар кард. тарс азон дорам ки ин каждуми зери бурё боз кадом фитнаи дигаре нандозад .
Посух додан
  • Гумном

  • 14 июн 2013 18:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Метарсам, ки ба сари Бозор Собир балое оранду онро ба гардани ба ном исломихо ва аз чумла хизби нахзати исломи Точикистон бор кунанд. Бало ба сари Бозор Собир овардан дар арафаи интихобот барои тарсондани чашми мардум ва бадном кардани шахсиятхову гуруххои исломгаро бехтарин бахона метавонад шавад. албатта умедворам Худо он рузро наорад...
Посух додан
  • Мухочир

  • 14 июн 2013 19:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Бозорро аз будагияш боло набаред
Посух додан
  • фирдавс

  • 15 июн 2013 23:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хонара да Бозор Собир не да ягон бехона медодан бисер хуб мешуд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
?00 доллар дар Амрико чандон пули калон ҳисоб намешавад, ки, шумо пирамарди мӯҳтараам, бо ними он зиндагӣ кунеду нисфи дигарашро захироа. Чӣ бирасад ба Амрико, ин миқдор пул алъон дар ТҶ низ бо нарху навоъи кунунӣ, ночиз аст ва фақат ба чою чапоти мерасад. Ман мутмаъинам, он ришу фаше, ки доред ба тарзи зиндагии амрикоиҳо чандон мутобиҷ нест Дар акс танҳо калла омадааст ва ҷомаву ҷелаки "дашти будана" дида намешавад.
Дуввум инки, Б. Собир лоиқи таҳсину офарин нест. Ӯ ҳар мамлакате рафт, ба намакдон туф карда, ба танқиду наҳзанӣ пардохт. БС бояд қурбони хоки пойи амрикоиҳо шавад. Бо доруву дармонҳои ҳамунҳо ба ин синну сол расид. Агар дар ТҶ мебуд, бо бемории диабети қандаш, мисли ҳазорҳо нафар мубталои ин беморӣ, кайҳо ҷон ба Офаридгораш супурда буд.
Ҳукумати ТҶ хато карда ӯро дубора ба оғӯш кашид. Дар арафаи интихоботи раёсати Ҷумҳурӣ ин як навъ популизм аст.
( Ба идораи нашрияи мӯҳтарам. Магар аз чизе меҳаросед, ки баъзе аз шарҳи бандаро нашр намекунед. Ман сухани дашном намегӯям. Баъзеҳо барин калимоти пур аз хатои имловӣ ва фачу кулӯхро наменависам.)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои нашри шарҳ оиди мавзӯъ миннатдории бандаро бипазиред. Вале боз ҳам дар матн се хатои тасодуфӣ дида мешавад. Яке дар рақами "700" ва вожаи "захира" дар сатри аввал ва дигаре дар калимаи "мутобиқ" дар сатри сеюм. Хоҳишмандам узри бандаро бипазиред.
Бо истифода аз фурсат хоҳишмандам мавзӯъи зеринро матраҳ намоям: аз оне ки дастгоҳи электронии сайти ишон забони кириллӣ тоҷикиро "намефаҳмад", яъне, ба ин забон мутобиқ гардонида нашудааст, вай зери ҳамаи вожаҳо хати сурх мезанад, яъне инки, онҳоро хато мешуморад (ин русӣ нест мегӯяд). Дар натиҷа пас аз чопи матн таҳрири дубораи он хеле мушкил аст. Ҳамин аст ки, дар бисёре аз лавҳа, эълон ва ҳатто асноди расмии идораҳои ҳукуматӣ матнҳо бе ҳарфҳои хоси тоҷикӣ Ӯ,Ғ,Қ,Ҷ,Ӣ чоп шуда, баъзан хандаовар мебошанд. Масалан, дар ҷумлаи "Тавоно бувад хар (ҳар)ки доно бувад". Модоме мо намехоҳем ба алифбои ниёгон гузарем ва сарсахтона ба пириллик часпидаем, бояд як барномаи ҷидии давлатӣ сохта шавад, ки аз паси ҳалли мушкилоти матраҳ бошад. Зимнан бояд зикр гардид, ки дар барномаи компютерҳои насли нав, яъне аз Windows 7 боло, забони тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллӣ аллакай дохил карда шудааст ва онро фақат берун кашида, сабт кардан лозим меояд. Ин кор чандон мушкил нест. Компютерҳои насли кӯҳнаи Pentium бояд бо нав иваз гарданд. Дигар чора нест. Вагарна мо мисли ҳамеша пас аз дигар миллиятҳо, лангида, лангида дунболи тараққиёт хоҳем рафт.
Банда кордони соҳаи компютер нестам, танҳо дӮстдори онам. Аз ин рӯ бояд мутахассисони соҳа фикри худро гӯянд. Ташаккур.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!