Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Сайёфи Мизроб: "Лӯлиҳоро дигар тоҷик нанависед..."

14 июн 2013, 14:40

Ҳумайрои БАХТИЁР

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, дар маҳфили навбатии “Муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов (рӯзи 13 июн) пешниҳод кард, ки дигар миллати лӯлӣ ё ҷӯгиҳоро “тоҷик” нанависанд. Дар ҳоле ки ба қавли сардабири “СССР”, маҳз бо айби лӯлиҳо дар Русия обрӯву эътибори тоҷикон камтару камтар мешавад.

Сайёфи Мизроб дар ин маҳфил, ки бештар дар бораи худшиносии миллӣ сӯҳбат мекард, афзуд, “бигзор, мақомот онҳоро лӯлӣ нависанд. Охир, онҳо аз ҷӯгӣ будани худ ор надоранд”.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки низ дар ҳамин маҳфил иштирок дошт, гуфт, чанд лӯлӣ наметавонад ба нуфузи миллати тоҷик таъсири манфӣ расонад. “Агар мо 60 дарсади шаҳрвандонро бо зиндагии шоиста таъмин бикунем, пас, даҳҳо ҳазор лӯлӣ ва ё ҷӯгӣ ба мо, чеҳра ва худшиносии мо таъсире нахоҳад дошт”,-афзуд ӯ.

Раҳбари ҲНИТ дар идома афзуд, "дар Русия "сиган"-ҳо ҳам ҳастанд, ки ба имиҷи русҳо ҳеч таъсир намерасонанд. Дар Аврупо романиҳо ҳастанд, ки онҳо ҳам ҳеч таъсире намерасонанд. Вале чун имиҷи мо дар маҷмӯъ комил нест, дарди худкамбинӣ дорем, мехоҳем айби худамонро бар дӯши чанд лӯлӣ гузорем.”

Оқои Кабирӣ аз артиши Шӯравии пешин мисол оварда ва гуфт, он замон мағруртарин мардум тоҷикону чеченҳо буданд ва назди касе сар хам намекарданд: “Имрӯз чеченҳо ғурурашонро ҳифз кардаанду мо тоҷикҳо не. Зеро чеченҳо дар дохили кишвари худ ғурурашонро ҳифз карданд, вале он ғурури тоҷик дар дохили Тоҷикистон ҳифз нашуд.”

Ӯ ин суолро ҳам дар миён гузошт, ки вақте тоҷик дар ватанаш мағруру худшинос нест, аз тарафи мақомоту ҳамватани худ ғурураш поймол мешавад, пас, чӣ гуна метавонад дар Русия боғурур бошад?

Бо ин ҳама, дар охири маҳфили "Муколамаи тамаддунҳо" Сайёфи Мизроб изҳор дошт, ки ҳоло ӯ дарди худро фаҳмидааст ва он ҳам маҳалчӣ будани ӯст. “Аз ин пас ман дигар маҳалчӣ не, миллатчиям. Мо он замон пеш хоҳем рафт, ки агар иштибоҳ ва норасоии худро дарк карда, барои ислоҳи он талош кунем. Аксарияти мо маҳалгаро буда, миёни мардуми тоҷик ҳамоно ақидаҳои ҷудоиандозӣ миёни миллат вуҷуд дорад”,-таъкид дошт ӯ.


Дар акс: Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 14 июн 2013 15:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ох Сайфи мизроб махалчи будани Худро коли шуд, наход боз мо метавонем гуи аз номи хами махалхои Точикистон. Бовар кун аз газетаи СССР буи махаллагарои бо сарвари Шумо чаноби Журналист Сайфи Мизроб меояд.

Аз газетаи ССР бо сарварии Сайфи Мизроб буи махаллагарои меояд. Дар охир худаш икрор Шуд мо метавонем
Посух додан
  • Иброхим

  • 14 июн 2013 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЧАНОБИ МИЗРОБ,ОЁ ЛУЛИХО БА ДУШАНБЕ ЛАШКАР КАШИДАНДУ БА КАТЛИ ОММИ ТОЧИКОН ПАРДОХТАНД,ОЁ ЛУЛИЁН ДАР ВАЗОРАТИ КОРХОИ ХОРИЧИИ ТОЧИКИСТОН МЕШИНАНД,ОЁ ЛУЛИЁН ЛАЧОМИ КИШВАРДОРИРО ДАР ДАСТ ДОРАНД, ОЁ ЛУЛИЁН ДАРИ МАСЧИДХОРО МЕБАНДАНДУ РИШИ МУСЛИМИНРО МЕТАРОШАНД, ОЁ ЛУЛИЁН ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ТОЧИКРО БА ФОХИША ТАБДИЛ ДОДАНД, ОЁ ДАР 8500 МАНАСБИ АСОСИИ КИШВАР ЛУЛИЁН МЕШИНАНД...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЗ ЯК "МАФИЁЗНИК"-И КУХАНСОЛИ РУС ШУНИДАМ КИ, МЕГУФТ: "ВАКТОКИ, ДАР ТОЧИКИСТОН 1992 ЧАНГИ ШАХРВАНДИ САР ШУД, ДАР БАЙНИ "Воры в законе"-РОСИЯ ЯК СУХАН ПАХН ШУДА БУД, КИ АКНУН ДАР ТОЧИКИСТОН ЧАНГ АСТ, ТОЧИКОН ГУРЕЗА ШУДА БА РОССИЯ МЕОЯНД, БАРОИ МО "ХЛЕБ" НАМЕМОНАД, ОНХО ЧОЙХОИ МОРО МЕГИРАНД"
Лекин афсус ки, инчури нашуд, Точикон чойхои "дворник"-хои онхоро гирифтанд! Он вактхо ин овоза дар байни касоне ки, дар олами чинои номдор буданд, пахн шуда буд.
Посух додан
  • Аз Кулоб

  • 14 июн 2013 19:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан бар Шумо М.Кабири бо ин фикру андешахоят.Шумо вокеан рушанфикр хастед на махалгаро Худо нигахбонат бошад аз шари фитнахои асри 21.
Посух додан
  • Suhrob

  • 14 июн 2013 20:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
SAYOFI MIZROB VOQEAN MEBINAM KI RUZ AZ RUZ ZINA BA ZINA ISLOH SHUA ISTODAED. VALE YAK KAMBUDII GAZETAI SHUMO ON AST KI MARDUMRO BO YAK IBORA ''RUHONI VA DUNYAVI '' JUDO MEKUNAD. MUSULMON BA RUHONI VA DUNYAVI JUDO NAMESHAVAD. UMUMAN HAMIN IBORA KOMILAN NODURUST AST. DAVLATI DUNYAVI - YANE DIN AZ DAVLAT JUDO INRO QABUL DORAM . AMMO MUSULMONI DUNYAVI YANE CHIXEL? MUSULMONE KI AZ DIN JUDO ? MAGAR MESHAVAD MUSULMON BUDU HAMZAMON AZ DIN JUDO BUD?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин М. Кабири, доим чунин андешахои бикр дошта боши. Маълум мешавад, ки Сайёф дар махфил чанд корхои ислохталабро аз лулихо донистаст. Дигар гап набуд, ки бечори лулихоро дар бало мондани хасти.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарону хамватанони азиз!Биед хамин тезгуиву сардгуиро байни хам бас кунем.Солхое бахсу мунозирахои хамзабонону хамватанхои худро мехонаму ба хулосае меоям,ки точик табиатан бояд хамин хел бошад.Яъне дархол тезу тунду бо иллату бо таъна сухан кардан.Хамин журналисти хушсаликаву хушкалам фикрхои худро руи рост гуфтааст.Сайёф он мавзуъро навиштааст.ки шояд дигарон тамоман бехабар буданд.Кашфиёти бузург,мавзуи милливу ватандустдори.Дар Россия,кавмхои лулиро цыган мегуянд.Онхоро хеч гох русхо ва россиягихо миллат намешуморанд.Худам шохид хастам,ки дар шиносномахои даврони СССР и онхо "цыган" навишта шудаанд.онхо ному насабу куният(фамилия)и махсуси худро надоранду надоштанд.Цыганхои Молдовия фамилияхои молдови,цыганхои украини ба мисли Дыбенко,Харренко,Демченко ва цыганхои Россияги фамилияхои Васильев,Суханов,Кузьмин ва гайрахоро доранд.Лекин мардуми рус онхоро цыган мегуянд.Аммо русхову россиягихо мо точиконро миллати алохида мешуморанд.Чое моро эхтиром мекунанд,чое моро сангу маломат мезананд.Ба хар хол мо хам миллатем.Дар шиносномахои россияги махз мавкеи миллат нест.Лекин полисхои Россия бо ягон бахонае хатман кадом миллат буданро мепурсанд.Алалхусус,фарзандони точик таваллудшудае,ки акнун чои таваллуди у ягон дехоту шахри Россия бошаду дар шиносномааш кайд шуда бошад.Дар Точикистон мо точикон тамоми миллату кавмхои дигарро хамеша хурмату эхтиром мекардем.Гарчанде аз дасти мо дигар кори нек хам,ки намеомад,хисси бадбини надоштем.Лулиёни Точикистон,хатто рузхои аввали бахори соли 1993-юм,каторасаворон,бо ахлу оилаву хешу таборони худ чониби шахрхои Россия шуданд.Бисёртар дар истгоххои рохи охану автовокзалхо ва дохили бозорхову кучахои шахрхо онхоро дидан мумкин буд.Аз хама ачоибаш ин буд,ки русхоро бовар мекунониданд,ки уреза хастанду гуё исломихо ба чони хар яки онхо тахдид мекарда бошанд.Мо албатта аз шарм чи гуфтанамонро намедонистем.Хангоми бо онхо сухбат кардан,дагалонаву бешармона моро дашномкунон аз пеши худ меронданд.Аз хама "тактика"и "стратеги"и онхо,хучуми кудаконашон хаст.Дурусту хак аст,онхо моро шарманда карданд,дар Россия.Инчо кучо мо дидаем махалгарои?.Илова бар ин,ки дар шиносномахои хоричии Точикистон хам махз мавкеи навиштани миллат нест.Лулиён аз ин бурди калон мекунанд.Ин тавр,ки бошад,пешниход мекунам,ки чунин исму насабгузори нисбати онхо дарч гардад,масалан:Бердикул Урмонбоеви Лулиёни,зан бошад,Турдигул Турсунбоеваи Лулиёни сабт шавад.Алхол русхо ва мардуми Россия,тадричан онхоро "люли" ва "людишка" ном мебаранд.Хубтараш онхо аслан лули ва ё чуги монанд,аз он ки худро дар Россия точик муаррифи мекунанд.Хак бар чониби Сайёфи Мизроб аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rosti man tarafdori Sajofam ! Solhoe dar Russiya koru faoliyat mekardam zijod budand lulihoe,ki az Tojikistoni Samarkandu Buhoro dar Russijo talbandagi mekardand va hamzamon hudro tojik meguftand chun zaboni moro baladand. Rusho ruirost ba mo nesh mezadand,ki raved tojikoni talbandaatonro gundored.Mo sad voyu vovajlo mekardem,ki onho tojik nestand , vale... Dardi az hama vaznini tojik on ast,ki dar vatani hudash zuran pojmolshuda ast. Hudojo namedonam chi balo ba mo shuda ki hamdigarro lagad mezanemu paast mezanemu tahkir mekunemu... Bijoed sarjam"u hamdigarer boshem !
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иброхим Бародар фикре ,ки шумо доред аз ин мавзу берун аст. Лулихои Точикистон дар Руссия шану ,шарафи мо Точиконро мерезонанд. Талбанда дар чояш мешинад металбад.Чугихои мо бошанд ,баробари рох гузарон мераванду металбанд. боз дар дастонашон кудагони як -мохаву 4 -моха доранд. Ва бо овози баланд мегуянд,ки мо Точикем. Аз руи ин чугихо мо Точикон милати талбанда,чиркин нокора,таёрахур дар Руссия машхур шудем.Бисёр Точиконро аз руи ин чугихо Милати ифлоси дунёо меноманд. Хукумати Точикистон Милати Точикро гулом кард, ва боз Милати худро бо Милати талбанда як карда ба олам нишон дод,ки мо Точикем. Сайфи Мизроб ба Шумо Рахмати Калон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман сад дар сад тарафдори Сайёфи Мизроб хастам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Cад дар сад бо бародар Сайёф мувофикам. Вокеан, лулихо (чугихо)-и точикистониву узбакистони дар Русия бо точики харф мезананд ва аз худ точик ном мебаранд. Дар вокзали Казони Маскав аз якеи онхо ки 32 дандонаш тило буду ман точикам мегуфт, такозо кардам, ки нагу точики, бошпурташро ба руям заду ончунон хамахама бардошт, ки (ин кори маъмулии онхост ва онхо инро метавонанд), надонистам, ки чи бигуям Пулис дастам гирифту (факат маро!!!) ба шуъбаяш бурд, ва ду соат лексияам хонд аз хавфи миллатгароиву миллатчиги, то огох нашуд, ки ман хабарнигорам ва аз у бехтар метонам дар ин мавзуъ сухбат кунам.
Вокеан, лули (чуги), циган миллат аст, ва онро дар тамоми дуне эътироф мекунанд, ва худи онхо аз ин ифтихор доранд, мисле, ки лакайхои Точикистон худро миллат эътироф мекунанду мегуянд мо узбак нестем. Аммо масъулини моро лозим аст, ин миллатро эътироф кунад. хам ба манфиати онхо хохад буд, хам ба манфиати мо. Хамчунин дигар пулиси Русия вакти кушодани шиносномаашон мебинад, ки хакикатан лули асту на точик.
Посух додан
  • Вичдон

  • 15 июн 2013 14:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хумайро бехтарин воситаи таргиби "огои" Кабириро ёфти, кандатона занед))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба ахли эчоди хабаргузории Озодагон. Дар мавриди суханони Саёфи Мизроб гуфтани хастам, ки вокеан лулихо тавонистанд обруйи точиконро дар каламрави Русия ё хар кучои дигаре хастанд, резонанд. Зеро лулихо агар корхое мекунанд, ки ба обрую эътибори инсони хос нест, точикон корхои сиёху вазнинеро мекунанд, ки роботхо онро мекунанд. Хамон бехунарии мо моро лули хам кардаасту чуги хам. Агар мехохем, худшинос бошем, бояд хамин кадар бидонем, ки мо миллати бехунар набудем. Имруз (дар асри 21 бехунар шудем)
Посух додан
  • Сайфулло

  • 15 июн 2013 20:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окои Сайёф! Вакте Шумо бархурд бо "Муколамаи тамаддунхо" доред, аз точику "точикият" сухан мегуед, лофи миллатзози мезанед, боре ру оваред ба навиштахои худатон ва интишороти рузномаатон, ки "Шумо"-и ба истилохи Кабири "хануз аз мактаби ибтидои фаро нарафта" , чи хизмати хирсонае барои инкишоф ва бой гардондани лексикони забони ноби точики кардаед! Дар аксари навиштачоти Шумо ва рузномаи Шумо забони ноби точикиро махлут бо забони кучаги (блатной)-и руси ( хадди акал русии адаби хам не) метавон мушохида кард. Ман, ки дар хамин махфил иштирок доштам, хеле мехостам, аз "Шумо"-и рохнамои миллат бипурсам, ки Шумо ин чо чи мегуед ва он чо чи менавмсед? Ин чо суол мегузоред, ки чаро точикон гурури худро хифз накарданд(?), он чо теша ба решаи забони онхо мезанед?! Посухе доред ба ин тазоде, ки Шумо дар васати он карор доред? Ин чо суол зиёд аст... Агар ахли калами Озодагон ин навиштаро нашр кунанд (ва бояд, ки нашр кунанд, чунки нуктаи назари як нафар шахрванд ва як нафар хонанда аст), ва Шумо онро мутолиъа намоед, хохиш дорам ба он човоб дихед.
Посух додан
  • рустам

  • 16 июн 2013 20:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Саёфи Мизроб Лулихо айб надорад 100 дар 100 обуруи Точикон Точиконе ки дар курсихои сиёси нишастаанд мерезонанд якум хукуки шахрвандон химоя карда намешавад дар хеч кучо на дар Точикистони азиз на аз сархад бирун.2-ум базури мактаби миенаро тамом мекунем савод надорем харфе бо забони руси задан наметавонем барои онки дар мактабхои миена Устодон дарси даркориро намегузаранд маош кам соат хои забонхои хоричи з-руси,з-англиси кам аст.Дар донишгоххои оли бе пул руз немегузарад дони надони пул баъд чавонон ояндаро фикр намекунад пул мета нмехона шумо махсус групахоро ташкил кне тафтиш кунед равед ба дехот,ба шахракхо ба донишгохои оли мефахмед.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!