Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

Рӯзи фарорасии Рамазон баъд аз 20-уми июн дақиқ мешавад

14 июн 2013, 15:45

Рӯзи дақиқи фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 20-уми июн, дар нишасти Шӯрои уламои Маркази исломӣ, рӯшан хоҳад шуд. Шӯрои уламо, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст, ки оғозу иди моҳи шарифи Рамазон ва рӯзи иди Қурбонро мушаххас мекунад.

Бо ин ҳол, аз Шӯрои уламо ба “Озодагон” гуфтанд, бино ба тахмини онҳо моҳи шарифи Рамазон имсол эҳтимол рӯзи нуҳуми июл оғоз ёфта, ҳаштуми август ба поён бирасад. “Албатта, ин санаи дақиқи моҳи шарифи Рамазон нест. Ин танҳо як тахмин аст. Дар сурати дақиқ шудани замони фарорасии моҳи Рамазон ҳатман сокинонро тавассути телевизион ва радиову матбуот огоҳ хоҳем кард”,-афзуд манбаъ.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамар ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 20-уми июл оғоз гардида, иди Фитр 19-уми август таҷлил шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мусалмон

  • 14 июн 2013 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо бекарор интезори МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН, Мохи фатху кушоиш хастем

Лекин ман хайронам, ки чи гуна огози ин МОХИ МУБОРАКро то хол Шӯрои уламои Маркази исломӣ ДАКИК МУАЙЯН НАКАРДААНД. фикр мекунам ин ягон мушкилие надорад. Зеро ин солшумори хар сол 10 руз кафо огоз мегардад. Маъзарат мехохам, ба иззати нафси касе расидани нестам. Астагфируллох
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
имсол санаи чандум ба бошад
Посух додан
  • Имсол чандумда бошад

  • 1 август 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исрофил,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!