Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:12

Ҷунбиши миллӣ хостори қатъи кумакҳо ба Тоҷикистон шуд

15 июн 2013, 12:01

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон, як созмони сиёсии сабтиномнашуда, бо нашри баёнияе аз созмонҳои хориҷии кумакрасон хостааст, муваққатан ба ҳукумати кунунии Тоҷикистон қарз надиҳанд ва ёрӣ накунанд.

Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи 14-уми июн пахш шуд, таъкид шудааст, “пеш аз пардохти мадади молии нав аз ҳукумати ҷаноби Раҳмон аввалан эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон ва дастгирии иқдомот баҳри шаффофияти интихоботро талаб намоянд.”

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Ҷунбиши миллӣ, Маҷлиси Намояндагон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентро напазируфт ва ин воқеӣ будани ваъдаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тӯли сафари охиринаш ба Аврупо дар бораи шаффофияти интихоботро зери суол бурд.

Ин созмон дар баёнияаш аз боздошту нигаҳдории Зайд Саидов, вазири пешини саноат ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ҳам нигаронӣ карда, онро талоши ҳукумат барои тарсонидани мардум донистааст. “Мушахассан, чораҳои Оҷонси зиддифасод нисбати Зайд Саидов пас аз эълони ташаббусаш оид ба таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав аз ваколатҳои қонунии ин муассисаи давлатӣ берун баромада, барои тарсонидани дигар шаҳрвандон аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ мақомоти давлатӣ суистифода шуданд”,-омадааст дар баёния.

Ҷунбиши миллии Тоҷикистон созмони сиёсиест, ки Вазорати адлия аснодаш барои сабтиномро напазируфтааст. Ин созмон ҳадафи таъсисашро баргузории интихоботи шаффофи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон номида, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, борҳо хостааст, дар интихоботи 2013 иштирок накунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ганй

  • 15 июн 2013 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Интихоботи шаффофа дар кучо дидаен? Шояд дар Амрико ё Аврупо? Русия ё марокко? Интихобот баргузор нашуда ин кадар "паника" кардестен. Ба кумаки давлату ташкилотхои хоричи чи кор дорен? Шумо чунбиши кадом миллатен? Дар кучоен? Кихо хастен? Ман боварй дорам, ки аз 1000 нафар шахрванди Точикистон 1001 нафараш шумора намешиносад. Аз номи МИЛЛАТ ва шахрвандони Точикистон ГАП НАЗАНЕД!!!!!!!!!
Посух додан
  • muhamad

  • 15 июн 2013 16:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom ba barodaroni jumbishimili shumorosmeguyed rahmat bashumo.
Посух додан
  • Точики одди

  • 16 июн 2013 03:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Цитата: Ганй
Ганй

Шумо касоне,ки танкиди ин хукумат мекунанд,душмани миллат меномеду,мегуед,ки аз хочагони бегона пул мегиред.Пас маълум мешавад,ки шумо низ МИСЛИ ГАДО аз чунин ёрихо отказ кардани неастед?Ин хама ёриву карзхо ба номи мардуми точик меояд лекин шумо харомхурон онро медуздеду ба офшор гусел мекунед!Ман хохиш мекардам ба ЧУМБИШИ милли,ки аз хоричихо илтимос кунанд,ки умуман дигар ягон хел ёри надиханд,Зеро он хама ёрихо сад фоиз боз ба кисаи хаминхо медароянду ягон зарра ба мардуми оди намерасад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Junbishi milli in yak sistema iborat az guruhi nafaroneand ki millati Tojikro pareshon va Tojikistonro vayron kardaniand. DIGAR NAKSHAHO NIZ DOSHTANASHON AZ EHTIMOL DUR NEST. KHUDRO PATRIOT HISOBIDA ANIKTARASH NISHON DODA, BA HAMON MILLATE, KI DAR NOMI HIZBASHON DARJ GASHTAAST /Junbishi MILLI/ YANE TOJIKON BADKHOHI VA DUSHMANI DORAND.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!