Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:58

ЮНИСЕФ гуруснагиро мушкили аслии кӯдакону занон дар Тоҷикистон гуфтааст

16 июн 2013, 17:10

Намояндагии ЮНИСЕФ, Фонди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар чорчуби барномаи беҳтар намудани сифати хӯрокаи атфол ва занон аз Русия 2,1 миллион доллар дарёфт кардааст.

Барномаи мазкур се соли ояндаро дар бар гирифта, дар доираи он 200 ҳазор кӯдаки сини аз 6 то 24 моҳа, 150 ҳазор зани ҳомила, 300 ҳазор муроқиби кӯдакони то 24 моҳа ва ҳамчунин 600 корманди ёрии аввалияи тиббӣ дар саросари Тоҷикистонро фаро мегирад.

ЮНИСЕФ гуруснагӣ миёни кӯдакон ва занонро яке аз мушкили аслӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Фонди кӯдакони СММ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мегум хами юнисефа ягон корхонае боша худша пурса ки ин пулхое меоянд ба кадом кудакон додааст хамин пул омад мешунавему халос хамаи кхамин корхонахои имдод мекардаги хаминхелиянд мешунави аз милен нрдам карданд ба ки кудакони коркунони юнисеф мегирифта бошанд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!