Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:50

Who is Mr. Низомхон Ҷӯраев?

17 июн 2013, 14:00

Чунин ба назар мерасад, ки Низомхон Ҷӯраев тақрибан манбаи аслии тамоми бадбахтиҳо барои қисми зиёде аз одамон, аз ҷумла Зайд Саидов, мебошад.

Ӯ силоҳи асосии сохторҳои қудратӣ, бахусус Оҷонсии мубориза бо коррупсия, барои ҳақталошӣ шудааст. Аслан ин як раванди пешгӯишаванда буд ва ҷое барои тааҷҷуб ҳам надорад.

Тааҷҷубам аз дигар чиз аст. Аз шахсияти худи Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакил ва яке аз афроди дорои вилояти Суғд. Дар бораи Ҷӯраев таи чанд соли охир танҳо нафари ноогоҳ сухане нагуфтааст. Ӯро бо бисёр ҷурмҳо гунаҳкор кардаанд, ҷурмҳои вазнин.

Дар рӯзи додгоҳи ӯ на камтар аз сӣ айбдоршаванда ширкат варзида буданд. Ҳамаи ин сӣ нафар аз тарафи додгоҳ муҷозот шуданд ва роҳбари он гурӯҳи синафарӣ “қаҳрамон”-и мо Низомхон Ҷӯраев буд.

Аммо дар он додгоҳ худи Низомхон Ҷӯраев ширкат надошт. Ӯро дар Русия боздошт карда буданд. Дар бораи чӣ тавр овардани ӯ ба Тоҷикистон наменависам, зиёд навиштаанд.

Ман ба таври пурра аз ҷараёни “парвандаи исфарагиҳо” низ хабар надорам, ҳама ҷузъиёташро намедонам. Аммо дар расонаҳо аз ин бобат зиёд гуфта шуда буд ва оз онҳо ман огоҳӣ дорам. Маро он чиз ба ҳайрат ва ё ба ғазаб овард, ки нисбат ба сӣ нафар кормандони Низомхон Ҷӯраев айбномаҳои вазнин эълон шуд. Ҳатто худи собиқ додситони кулл Бобоҷон Бобохонов он ҳукмро вазнин гуфта буд. Сӣ нафар барои як нафар ба маҳбас кашида шуданд.

Ҳоло маълум нест, ки Ҷӯраев чӣ ҳол дошта бошад? Ӯ, гунаҳкори асосӣ дар ҷиноятҳои вазнин, дар озодӣ сайругашт дорад. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳоло ҷиноятҳои ӯро касе бозпас нагирифтааст. Аз дасти ӯ чандин оилаҳо хароб шуданд ва дар маҳбасҳо мешинанд.

Ба ин ӯ чӣ тавр посух мегуфта бошад? Бо кадом виҷдон ӯ боз бар зидди Зайд Саидов шаҳодат доданист? Барои ҷурме, ки исбот ҳам нашудааст ва барои он Зайдро метавонанд ба мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кунанд.

Чӣ гуна як нафар инсон метавонад то ба ин дараҷа ба пастигарӣ ва ҳаромбозӣ даст занад, барои озодии худашро ҳифз кардан? Фардо чӣ тавр ба рӯи оилаҳову наздикони нафарони аз дасти ӯ ҷабрдида нигоҳ мекарда бошад?

Низомхон Ҷӯраев! Виҷдони олудашударо дар ягон ҷой тоза кардан наметавон, на бо ягон дору ва на бо ягон оби пок.

Ман истисно намешуморам, ки ӯро барои додани чунин шоҳидӣ маҷбур кардаанд. Аммо ин ҳам наметавонад рӯи сиёҳи ӯро сафед кунад.

Бисёр нафароне, ки барои Низомхон ба маҳбас афтидаанд, бар зидди ӯ шоҳидӣ надоданд, ҳамаи таъхиру дашному латту кӯбро тоқат намуданд.

Ман инро пастигарӣ мешуморам. Ба қавли Михаил Мамич, “аблаҳиро фаҳмидан мушкил, аммо бахшидан мумкин”. Аммо пастигариро фаҳмидан мумкин, аммо бахшидан аблаҳист.

Даруни сарам суоле чарх мезанад: who is ҷаноби Ҷӯраев? Ва чӣ тавр Шумо аз ин пас зиндагӣ мекунед, “сэр”?

Алӣ МАСТОВ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Али Мастов! "Низомхон"-хои тарсуву номард ба мисоли дигар хоинони ин марзу бум шарафу номус надоранд ва тухмати банохак мезананд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БО онхое ки ранги мастову алистое ки худи Чураев Низомхон Хайдарович ро намешиносанду танхо тарики расонахо огахи пайдо кардаанд гуфтаниам Чураев вакили вилояти ва шахри зодаи Чоркух марди саховатмандтарин ватандуст оне ки доимо аз холи бечорагон мепурсид хакикат галаба мекунад ва хохад кард уро худованд ва дуои пирамардони исфарамарз нигох медорад боре дар назди зершубаи амонатбонки деха гузашта меистаду назараш ба пирамардони бисьёре меафтад аз мошин мефарояду холи нафакахуронро пурсон мешавад онхо аз махкам будани амонатбонк изхори андеша менамоянд Низомхон ба онхо бо нарми мефахмонад хавотир нашаванду дар як варак ному насаб ва сурогахояшонро нависанду ба хонахояшон раванд крмандони бонк нафакаи онхоро дар кутохтарин вакт мерасонанд . ин буд як заррае аз хаёти фарзанди баруманди точик Чураев Низомхон Хайдарович ахсант !!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
BARODAR BEHAD SUKHANOI HAQ GUFTED NISBATI H,JURAEV I NIZOMA ISTIFODA BURDESTAY CHI GUYAM
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарход, O PAGA AMU NAFAQA KHURORA MEFRUSH MAN NAGZ MESHNOSAM NIZOMTA
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ФАРХОД, кадом як гапи ин мардак нохак аст ба фикри шумо? О имруз ку хамаи Чоркух аз пушти ин кас азоб кашидостян ин хамаш ку гапи хакай? Мардум чандосол мешавад ки дар махбас Низомхон бошад кайф карда гаштай. Инро чихел фахмем, эй пуштибон?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чоркух,Фахмиши хар кас баробари аклу фахми худаш аст хар як сухан бояд далел ва асос бояд дошта бошад ,агар манзури шумо он одамхое ки дар махбас адои чазо доран ин хукми такдирот баро ин як шахсро гунахкор донистан камоли ахмаки Тадбир кунад бандаю такдир надонад ,Такдири худованд ба тадбир намонад
Посух додан
  • Панч

  • 18 июн 2013 19:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо бародар Али 100% розиям. Ман аз огози ин казия ва ин шахс хайронам. Мисли ин говсудро таърихи Точикистон, ба фикрам, надидааст, хатто солхои 37ум. Назари ман ба ин чунин аст, ки Чураев хам яке аз он афродест, ки аз бесарусомонихои давр истифода бурда бо горату одамозори молу мулк чамъ кард, бо истифода аз шиносхои "сарвайронаш". Ин тоифа мисли хору хасу, ки солхо дар сохил буданд, он "селу обхезихои хунин"-и солхои 90 инхоро болои об бардошт,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!