Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Ҳасани Рӯҳонӣ: "Давлати умед ва тадбир ташкил мекунам"

17 июн 2013, 15:07

Пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ин ҳақиқатро собит кард, ки ҳоло дар ин кишвар ҳарфи аввалу охирро мардум мезанад. Қарори маълум, бино бар арзёбии коршиносони ғарбӣ, мақомоти Теҳрон ошкору ниҳон ва ба таври мустақим ва ғайримустақим ба номзадҳои усулгаро (консерватор) таваҷҷуҳ доштаанд.

Дар ин миён Саид Ҷалилӣ дар мақоми аввал ва Муҳаммадбоқир Қолибоф дар ҷои дувум қарор дошт. Пешбиниҳо низ ҳикоят аз он дошт, ки яке аз ин ду нафар раисиҷумҳури ояндаи Эрон хоҳад шуд. Албатта, ба Вилоятӣ низ ишораҳое мешуд. Аз фазои расонаӣ дар Эрон низ чунин бармеомад, ки гуруҳи муҳофизакор ва усулгаро ба роҳатӣ дар ин интихобот баранда хоҳанд шуд.

Дар таҳлилҳо ва арзёбиҳои коршиносони ғарбӣ дар мавриди интихоботи Эрон маъмулан дидгоҳҳои хашин ҳоким буд. Аксар ишора ба ин доштанд, ки дар Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ интихоботи шаффоф ва озод баргузор намешавад ва фарде сари кор меояд, ки мавриди ҳимояти раҳбарони Эрон бошад. Ҳамин бардошт ба хубӣ ва бори дигар нишон дод, ки Ғарб шинохти дурусте аз ҷомеаи Эрон надорад ва ҳама таҳлил ва натиҷагириҳои коршиносон ва сиёсатмадорони ғарбӣ дар мавриди Эрон, зоидаи тахайюлоти зеҳнии онон аст.Тахайюлоте, ки бар асоси робитаҳо ва амалкарди мақомот шакл гирифтааст ва воқеияти ҷомеа чизи дигар аст.

Рӯҳонӣ чӣ тавр пирӯз шуд?

Яке аз омилҳои пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, наздикии вай ба ҷиноҳи ислоҳталаб арзёбӣ мешавад. Баъд аз он ки Муҳаммадризо Ориф, номзади мавриди ҳимояти ҷиноҳи ислоҳталаб аз рақобатҳо канорагирӣ ва эълом кард, ки ин корро бо хостаи Муҳаммади Хотамӣ, марди шумораи аввали ҷиноҳи ислоҳталаб, анҷом додааст, мушаххас шуд, ки ислоҳталабон бояд дар атрофи Ҳасани Рӯҳонӣ, ба унвони номзади худ, муттаҳид шаванд. Эъломи ҳимояти Акбари Ҳошимӣ ва Хотамӣ аз Рӯҳонӣ, ҷабҳаи интихоботии ислоҳталабонро бештар тақвият кард ва онҳо ташвиқ ба ҳузури пуррангтар дар интихобот шуданд. Аз сӯи дигар шиорҳо ва суханрониҳои пешазинтихоботии Рӯҳонӣ низ бе таъсир набуданд ва зоҳиран бар тасмимгирии интихобкунандагон хеле асар гузоштанд.

Аз ҷумла, ин суханони Рӯҳонӣ, ки гуфт: “Оқоёне, ки кишварро ба ин рӯз расондаед, миллат дигар Шуморо намехоҳад”, умеди бештаре ба мардум дод, ки бо рӯи кор овардани ин фард ба хостаҳои худ хоҳанд расид. Ба иборати дигар, тарҳи канорагирии Ориф аз рақобатҳои интихоботӣ ва ҳимояти Хотамӣ ва Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз Ҳасани Рӯҳонӣ, натиҷаи мавриди назарро дод.

Вокуниши Ғарб аз рӯи кор омадани Рӯҳонӣ

Кишварҳои ғарбӣ дар нахустин вокунишҳои худ аз рӯи кор омадани як фарди миёнарав ва наздик ба ҷиноҳи ислоҳталаб, эълом карданд, ки омодаанд бо Эрон дар заминаҳои мухталиф ҳамкорӣ кунанд. Амрико бо судури баёнияе шуҷоати миллати Эронро ситоиш кард ва гуфт, “мо ба раъйи мардуми Эрон эҳтиром мегузорем ва ба онҳо барои ҳузур дар ин фароянди сиёсӣ табрик мегӯем”.

Аз ибрози назарҳои мақомоти ғарбӣ дар мавриди пирӯзии Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бармеояд, ки Ғарб интизори тағйир дар амалкарди Эрон, ба вижа дар баҳси барномаи ҳастаӣ аст. Ин интизор аз он ҷо тақвият шудааст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ аз тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон шадидан интиқод кард.

Дигар интизори Ғарб ин аст, ки Эрон аз он чи ки кишварҳои ғарбӣ "ҳимояти Теҳрон аз гуруҳҳои тундрав дар минтақа" унвон мекунанд, даст кашад ва ба таъбири Ғарб "Сурияро ба ҳоли худ бигзорад".

Интизориҳо аз раисиҷумҳури нав

Аввалин чизе, ки пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ба исбот расонд, он аст, ки ҷомеаи ин кишвар хостори ислоҳот аст, хостори тағйир дар зиндагии худ аст, ки рафъи мушкилоти иқтисодӣ дар садри он қарор дорад. Тайи солҳои охир дар пайи таҳримҳои таҳмилшуда бар миллати Эрон, ҳамчунин буҳрони молии ҷаҳонӣ вазъи иқтисоди бисёре аз хонаводаҳо дастхуши мушкилоти зиёд шуд ва ёронаҳои давлат низ натавонист ба он тавре ки мебояд, ин мушкилотро ҳал кунад. Қишрҳои миёна ва нисбатан камдаромади аҳолӣ дар бисёре аз мавридҳо дар муқобили афзоиши нархҳо нотавон буданд. Акнун бо интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ, ки фарде миёнарав ва наздик ба ҷиноҳи ислоҳталаб аст, миллати Эрон интизори онро дорад, ки дар чорчӯби қонуни асосии кишвар шоҳиди ислоҳот ва беҳбуд дар вазъи иқтисодии худ хоҳад шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар таблиғоти пеш аз интихоботиаш аз ҷумла таъкид кард, давлате, ки ӯ ташкил хоҳад кард, "давлати умед ва тадбир" хоҳад буд. Ӯ гуфт, мушкилот зиёд аст, аммо бо калиди тадбир метавон ин мушкилотро ҳаллу фасл кард. Дар соатҳои аввали эъломи хабари пирӯзии Рӯҳонӣ, нархи доллар ва тило дар Эрон чанд зина поён омад ва коршиносон инро ба фоли нек мегиранд ва муътақиданд, ки вазъ дар бозори арз (асъор) аз ҳолати лаҷомгусехтагӣ берун хоҳад омад. Ҳамин тавр, мардум низ интизор доранд, ки нархи маводи ғизоӣ арзонтар аз имрӯз хоҳад шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Рӯҳонӣ фарди наздик ба Муҳаммади Хотамӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон, аст ва дар замони Хотамӣ дабири шӯрои олии амнияти миллӣ буд, таваҷҷуҳи ӯ ба кишварҳои ҳамзабон, ба вижа Точикистон камтар аз дигар масъалаҳо нахоҳад буд. Дар замони Муҳаммади Хотамӣ бузургтарин тарҳи Эрон дар Тоҷикистон, яъне нақби Анзоб ифтитоҳ шуд. Интизор меравад, баъд аз ин низ ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабон ҳамчунон раванди рӯ ба густариш хоҳад дошт.

Зиндагинома

Ҳасани Рӯҳонӣ 12-уми ноябри 1948 дар вилояти Симнони Эрон таваллуд шуда, аз 13-солагӣ вориди ҳавзаи илмии Қум шудааст. Баъдан ӯ дар донишгоҳи Теҳрон ва Бритониё дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст. Раисиҷумҳури нави Эрон аз соли 1999 то кунун яке аз аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ буда, аз 12 сол қабл раёсати комиссияи сиёсиву иҷтимоӣ ва аз соли 2005 раёсати дабирхонаи ин маҷлисро бар ӯҳда доштааст. Рӯҳонӣ дар даврони Хотамӣ дабири шӯрои амнияти миллӣ ва мушовири раисиҷумҳур ва аз соли 2002 то 2004 раҳбари тими музокиракунандаи Эрон дар масъалаҳои ҳастаӣ буд. Дар маҷмуъ Ҳасани Руҳонӣ 5 давра намояндаи парлумон, 16 сол дабири шӯрои олии амнияти миллӣ ва 2 сол раҳбари музокироти ҳастаӣ будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!