Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:04

Омодагиҳо ба Иди зардолу бо ҳузури президент (АКС)

18 июн 2013, 14:48

Санаи 19-уми моҳи ҷорӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ ярмарка фурӯши маҳсулот ва иди зардолу гузаронида мешавад, ки тибқи нақша сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин макон ташриф хоҳад овард.

Дар ин чорабинӣ 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин институти боғпарварӣ маҳсулоти зардолу ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод менамоянд. Сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Файзуллоҷон Дадоҷонов ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод мегардад, ки аз он 50 тоннааш зардолу мебошад. Аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодам, Ашт, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров 25 намуди зардолу пешниҳод мегардад».

Манбаъ афзуд, ки дар ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ нарху навои тамоми маҳсулот назар ба бозор 20 – 30 фисад арзонтар мешавад.

Бояд гуфт, ки ин бори аввал аст, ки дар ҳудуди вилояти Суғд чунин чорабинӣ гузаронида мешавад.


Омодагиҳо ба Иди зардолу бо ҳузури президент (АКС)

Омодагиҳо ба Иди зардолу бо ҳузури президент (АКС)

Омодагиҳо ба Иди зардолу бо ҳузури президент (АКС)

Омодагиҳо ба Иди зардолу бо ҳузури президент (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • диловар

  • 18 июн 2013 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ахахахаха, ба кариби иди чаву чуворимака
Посух додан
  • точик

  • 18 июн 2013 18:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хато накунам мо иди асал, харбуза, каду, боз намедонам............
ана як иди дигар. Муборак бод мардуми шарифи Точикистони азиз
Посух додан
  • Панч

  • 18 июн 2013 20:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"ин чи шурест ки дар даври камар мебинам".......!
Посух додан
  • устувор

  • 18 июн 2013 22:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЗ БЕКОРИ САРХОРИ НАРХИ 1 КГ ЗАРДОЛУ ДАР АШТ 20 ДИРАМ1 КГ БАРГАК 2 СОМОНИ МАН НАМЕДОНАМ БОЗ БАРОИ ЧИ ИН ИД Ё АЗ БОЛИ ДЕХКОНИ БЕЧОРА ШАШЛИКУ САМБУСА
Посух додан
  • Мукобили ид

  • 19 июн 2013 13:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бо чи хели иди зардолу? Руз рузи истирохат ми? Биеед аз худамон хар гуна ид набофем. Ун кадар харочот барои тайер кардани майдону кучахо, овардани махсулот, таъмини амният ва хамааш факат барои он ки президент ободия бинад. Е мардум, ин зардолу ро менавонед бе хамин ид хам бо нархи арзонтар ба фуруш гузоред е ин ки аз ин хам нагзтар хайр кунед. Лекин аз кучо ин хел дилкушои.
Рафта рафта иди банан низ эълон карда мешавад. Хайф 1000 бор хайф!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!