Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:09

Табодули молу колои Тоҷикистону Швейтсария 34 миллион долларро ташкил дод

16 июл 2011, 04:27

Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ лоиҳаи созишнома оид ба тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Шўрои федералии Швейтсария ба имзо расид.



Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, аз сӯи Швейтсария, Стефан Неллен, сафири ин кишвар дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо намуданд. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо, феълан барномаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон дар самти дасгирии ҳуқуқи инсон, барорбарии гендерӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, мусоидат ба рушди фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва ҳамзамон мусоидат ба рушди иқтисод равона шудааст. Табодули амвол миёни Тоҷикистону Швейтсария аз рӯи нишондодҳои соли 2009 ҳудуди 34 миллион доллари ИМА-ро ташкил намудааст.
Гуфта мешавад, самтҳои  ҳамкориҳои ояндаи  ин ду кишвар- рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди нахи пахта, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва маводҳои доругӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва саноати хўрокворӣ мебошанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!