Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

“Шаҳраки сарсабз” дар водии Рашт

17 июн 2013, 15:39

Ширкати «МегаФон» барои мардуми ноҳияи Тоҷикобод ва Ҷиргатол ҷашне таҳти унвони «Шаҳраки сарсабз» баргузор кард, ки дар чаҳорчуби он иштирокдорон аз интернети мобилии босуръат ва бозии технологии пешрафтаи X-box ба таври ройгон баҳра бурда, дар мусобиқаҳои мухталифи варзишиву зеҳнӣ фаъолона штирок карда соҳиби тухфаҳои боарзиш шуданд. Донишомузони синфҳои 10 ва 11 мактаби таҳсилоти умумии №1 –и ноҳияи Ҷиргатол дар МегаДарс иштирок карда, мутахасиси ширкати «МегаФон» барои бачаҳо аз фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ, рӯйхати сомонаҳои муфид, китобҳои эллектронӣ ва онлайн олимпиадаҳоро тавсия дод. «Имрӯз ман охирин имтиҳонамро супоридам ва барои дохил шудан ба донишгоҳ омодагӣ мегирам. Аз дарси имрӯза огоҳ шудам, ки тариқи интернет дилхоҳ китоби эллектрониро пайдо кардан мумкин аст ва ман ҳатман аз ин имконият истифода хоҳам бурд». – мегӯяд донишомӯзи синфи 11 ноҳияи Ҷиргатол, Музаффар Зубайдов .

Як тоҷири фаъоли ноҳияи Тоҷикобод, Маҳмудҷон Саидов, ки истифодабарандаи фаъоли интернет мебошад мегӯяд: «Ман бо ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ ҳамкории густурда дорам, бино бар ин бояд доим дар иртибот бошам ва беҳтарин иртибот дар замони имрӯза ин Интернет мебошад. Бо истифода аз интернети мобилии «МегаФон» масъалаҳои тиҷоратиамро ба таври фаврӣ ва бе мамоният анҷом медиҳам».

Қобили тазакур аст, ки иштирокдорони ин ҷашн имкон доштанд ба тарофаи «МегаФон Рашт», ки махсусан барои мардуми ин водӣ – аз Файзобод то Ҷиргатол тарҳрезӣ шудааст, пайваст шаванд. Тибқи муқарароти ин тарофа муштариёни «МегаФон» имкон доранд дар дохили тарофа барои 20дақиқа гуфтугӯ ҳамагӣ 6 дирам пардохт бикунанд. Пайвастшавӣ ба ин тарофа дар ҳар Маркази хизматрасонии ширкат имконпазир аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!