Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:55

Занеро ки фарзандонашро фидоии маргталаб карданӣ буд, 7 сол ҳабс карданд

19 июн 2013, 11:40

Додгоҳи вилояти Атирауи Қазоқистон занеро, ки бо иттиҳоми фидоии маргталаб омода кардани фарзандонаш муттаҳам мешуд, ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.

«Ин зан ба як пайрави салафӣ, ки аз завҷаи якумаш ду фарзанд доштааст, хонадор мешавад. Соли 2012 шавҳари ӯ ҳангоми як амалиёт ба ҳалокат мерасад. Зан фарзандони угаяшро лату куб намуда, ба онҳо чӣ гуна фидоии маргталаб шуданро меомӯзондааст. Ба онҳо мегуфтааст, бояд «шаҳид» шаванд, то бо падари худ дидор бубинанд»,-гуфтааст прокурори парванда.

Ба қавли ӯ ин зан ба фарзанди угаяш гуфтааст, ки ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ворид шуда, худро мунфаҷир созад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо ба нақл аз Боронбой Галиев, сухангуи додгоҳи вилояти Атирау навиштаанд, ки аз манзили ин зан 10 адабиёти мазмуни экстремистидошта пайдо шудааст.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!