Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Мелиоратсия: То кай ба умеди ташкилоти хориҷӣ меистем?

20 июн 2013, 14:17

Раёсати мелиоратсияи вилояти Хатлон бинобар камбуди маблағ имкон надорад заҳбуру заҳкаш ва иншоотҳои обрасонии байни хоҷагиҳоро тозаву нигаҳдорӣ намояд.

Як нафари масъул аз ин раёсат иттилоъ дод, ки “азбаски вазоратамон ба мо барои ин кор тамоман маблағ ҷудо намекунад ва ҳукуматҳои ноҳияҳо маблағи ночиз ҷудо мекунанд, вазъи заҳбуру заҳкаш ва иншоотҳои обёрии байниноҳиявӣ низ чандон хуб нест. Бо маблағи пардохти ҳаққи об ҳам ин корро кардан имкон надорад, зеро баъзеҳо аз супурдани маблағҳои ҳатто калон саркашӣ мекунанд. То кай ба умеди ташкилотҳои байналмилалӣ меистем. Вазорати мелиоратсия бояд тадбире андешад. Дар давоми чанд моҳи охир ба ҷойи 5907 гектар ҳамагӣ дар 724 гектарро тоза карда тавонистему халос”.

Айни ҳол дар миқёси вилоят зиёда аз 10600 гектар замин вазъи мелиоративии манфӣ дорад, ки аз ин дастикам 70 дарсадаш обист. Дар навоҳии Ҷиликӯл, Ҷ.Румӣ, Қубодиён, Панҷ, Н.Хусрав ва Шаҳритус аз ҳама зиёд, аз 1698,9 гектар то 798,48 гектар замин ҳоло аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Ва ин дар ҳолест, ки ҳукумати ноҳияҳо барои тоза кардани ин иншоотҳо ҷамъ 36 дарсад маблағ ҷудо намудаанду бас. Қарздорӣ аз ҳаққи истифодаи об бошад, дар 20 шаҳру ноҳия вуҷуд дошта, он акнун ба 113 миллиону 852 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Мақомоти мелиоратсияи Хатлон мегӯянд, дар моҳҳои охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба раёсати мазкур ҳамагӣ 14 дарсади нақша маблағгузорӣ сурат пазируфтааст. Бино бар қавли коршиносон, аз сарфи назар гаштани ин тадбир сатҳи оби зеризаминӣ баланд гашта, ҳудуди заминҳои кишоварзӣ боз ҳам коҳиш ёфта, дарахтони боғҳои мавҷуда ҳам хушк мегарданд ва зери об мондани хонаву ҳавлии сокиноне, ки дар мавзеъҳои пасттар сукунат менамоянд, аз эҳтимол дур нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!