Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:51

Бег Зуҳуров дар бораи бинои 16-ошёна, варзишгоҳ ва тӯйи писараш

21 июн 2013, 10:30

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, хабарҳоро дар бораи бунёди нахустин бинои 16-ошёна дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ кард, аммо гуфт, ин бино на аз ҳисоби ӯ, балки аз тарафи як соҳибкори дигар сохта мешавад.

Чанде пештар баъзе аз расонаҳо навиштанд, Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, нахустин бинои 16-ошёнаро дар Кӯлоб месозад. Оқои Зуҳуров гуфт, сохтмони ин бино аз ҳоло шурӯъ шуда, вале маблағашро соҳибкоре бо номи Саидов А. пардохт мекунад.

“Рости гап, худам ҳам номашро намедонам. Фақат гуфтанд, Саидов А. аст. Аллакай сохтмони бино оғоз ёфтааст”,-гуфт ӯ.

Аммо Бег Зуҳуров гуфт, варзишгоҳе, ки бояд бо пули Хадамоти алоқа дар Кӯлоб сохта мешуд, тақрибан ба анҷом расида, моҳи сентябр мавриди истифода қарор мегирад.

Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба суоли "Озодагон" дар мавриди ин, ки оё хабари расонаҳо дар мавриди тӯйи писараш бо духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон дуруст аст ё на, сукутро ихтиёр кард ва гӯширо хомӯш намуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо ба шавҳар баромадани духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Заррина ба писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар доданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо ин базми арӯсӣ дар Пуғус (Варзоб) рӯзҳои истироҳати гузашта сурат гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як ёр доръм гандахъри гандамиҷоз, Чашмони чуқур дораду лунҷои дъроз. Номакъша намедонъме номакъша намедонъм...
Посух додан
  • Сангак

  • 21 июн 2013 14:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаи мансабдорхо аз хисоби мардуми Кулоб сохиби вазифа шудаанд, чи кадаре ,ки барои Кулоба кунанд,кам аст. Бигузор як 16 -ошёна не, 20-то 16-ошёна кунанд.
Посух додан
  • сугди

  • 22 июн 2013 09:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сангак, бародар хоксори карди. Мон мисли Ню-Йорк дар Кулоб бинои 150-200 ошёна созан. Кулоб ба хамаи ин меарзад.
Посух додан
  • узбак

  • 22 июн 2013 17:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бек Зухуров меган ика мардаки зур будай, офарин
Посух додан
  • Paxmat

  • 23 июн 2013 13:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман Раиси чумхуро табрик мекунам хама одамон духтар е писар туй мекунад
Посух додан
  • hisor

  • 3 август 2013 00:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hamai vazironu raison boyad dar kulobu nohiyahoi kulob binohovu zavodho sozan.ubaiduloev chi mesozad?rahmon chi mesozad?xizmati mardumi kulobro ba nazar gired.muhtaram hukumatdoron.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!