Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Тоҷик тоҷикро фиреб мекунад

16 июл 2011, 06:44

Чандин тан аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар  кишвари Русия ба  меҳнат машғуланд, зимни суҳбат иброз намуданд, ки онҳоро  дар  хориҷа аксаран ҳамватанони худӣ, ки ҳамчун меёнарав барояшон кор пайдо мекунанд, мефирибанд. Аммо аз сабаби надоштани ягон шартномаи корӣ  ё далели тасдиқкунанда, онҳо наметавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  муроҷиат карда ҳаққи худро рўёнанд.Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон падидаи нав нест. Кишвари мо солҳост, ки  ин мушкилро дорад. Аксари аҳолии ҷомеаи мо аз сабаби камбудии маош ва наёфтани ҷои мақбули корӣ рў ба муҳоҷират овардаанд, ки ҳамасола садҳо тан дар хориҷӣ кишвар ба ҳалокат мерасанд. Инчунин қисми дигар ё дасту по шикаставу маъюб ё гирифтор ба ҳар гуна бемориҳо  бармегарданд. Аксари онҳое, ки дар хориҷа кор мекунанд,  ҳуҷҷати иҷозаи корро надоранд. Зеро бештари онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд, ки ҳар сол садҳо нафар  депорт мешаванд. Бештари онҳое, ки барои дарёфти ризқу рузӣ ба хориҷа мераванд, ҷавонон мебошанд.  Дар ин қатор сафи занон низ кам нест. Дар хона бошад занону кўдакон ба ҷои падару бародар  корҳои хоҷагиро идома медиҳанд ва умеди калон аз он доранд, ки падар ё бародарашон ба онҳо маблағ мефиристад. Боиси таассуф аст, ки мусофирӣ ва муҳоҷират мушкилоти худро дорад ва на ҳама вақт марди муҳоҷир  ҷои кор пайдо кардаву ба хонааш маблағ мефиристад. Ин ҳолат барои оилаҳои онҳо душворӣ пеш меорад. Бештар мавридҳо муҳоҷирон моҳҳо аз сабаби наёфтани кор сарсону саргардон дар мусофират мегарданд. Фарзандони онҳо бошад, ба ҷои он, ки дар паси партаи мактаб машғули омўзиши касб бошанд, баръакс барои таъмин кардани оилаи худ дар бозорҳо ба аробакашӣ, мошиншўӣ, селофанфурўшӣ машғуланд. Ононе, ки чунин имкониятро надоранд, даст ба корҳои ношоиста зада ҳаёти рангини ояндаи худро бо  паси панҷара иваз  мекунанд, ки ин дар айни камолот қурбон шудан аст. Ба гуфтаи муҳоҷирон баъзан корфармо баъди итмоми кор аз пардохти ҳаққи заҳмат саркашӣ мекунад, ки ин боиси сарсону саргардон гардидани муҳоҷирон мегардад. Баъзе мавридҳо мегўянд, муҳоҷирон онҳоро на хуҷаин, балки шаҳрвандони тоҷик, ки  забони русиро баладанду вазифаи тарҷумониро адо карда бо миёнаравиашон  бо соҳибкор  шартномаи даҳониро  мебанданд, фиреб медиҳанд. Зеро баъди итмоми кор ғайри миёнарав касе ҳаққи аз соҳиби сохтмон гирифтани пули корро надорад. Бо баҳонаи он, ки гўё соҳиби кор маблағро пардохт накард, миёнаравҳо, кисман ҳаққи онҳоро пардохт мекунанд ва боқимондаро ба ҷайби худ мезананд. Ҳилаи як ҳамватан Иброҳимҷон Маҳкамов як тан аз муҳоҷири меҳнатӣ аз нафароне аст, ки ба чунин мушкилӣ дар хориҷа дучор омадаст. -Ман ва чанд рафиқам соли 2010 ба шаҳри Карасноярск, барои кор рафтем. Азбаски мо забони русиро балад, набудем дар он ҷо ба ман ва чанд рафиқонам ҳамватанамон Раҳимов Саидмурод, ки худ чандин сол боз дар онҷо кор мекунад, миёнаравӣ карда ҷои кор пайдо кард ва худ ҳамчун сардор кор накарда, мисли мо ҳақ мегирифт. Як солу се моҳ мо даҳ нафар  онҷо кор кардем. Моҳҳои аввал ҳаққи корро қисм-қисм ба мо пардохт мекард. Аммо дар охир он кам шудан гирифт, то ба ҳадде, ки моҳҳои охир маош нагирифта мондем. Эҳсос кардем, ки моро мефирибад аз ў бештар талаб мекардем.  Вай бошад имрўз фардо карда, гоҳе хуҷаин надодааст ё моҳи дигар ҳамаашро мегиред, гўён корро кашол медод.  Дар охир мо назди русе, ки мо барои ў кор мекардем, рафта ҳаққи заҳматамонро талаб кардем. Вай дар ҷавоб гуфт, ки ман бо Шумо шартнома набастаам ва намедиҳам. Музди коратонро ба сардоратон додам. Метавонед аз ҳамон талаб карда гиред. Саидмурод бошад, инкор мекард. Дар охир дид, ки аз мо ба осонӣ халос намешавад ба таҳдид гузашт, ки шуморо ба полис супурда ҳамаатонро ҳабс мекунам. Бовар дорам, ки аз дасти ў чунин кор меомад, зеро ҳуҷҷатҳоямонро аз мо малағи зиёдтар  гирифта ба қайд мемонд, ки мо ҳаққи кор ва истиқомат дар ин кишварро пайдо мекардем. Шиносномаи маро барои ба қайд гузоштан бурда барнагардонд, ки корро тарк карда наравам. Дар охир бо мушкилиҳои зиёд ман аз онҷо фирор карда бо шиносномаи миллӣ, ки ҳамроҳам буд ба Ватан баргаштам.Дар ҳамин ҳол Саидҷон Зокиров аз ноҳияи Мастчоҳ, муҳоҷири дигар мегўяд, ки ин ҳолатҳо ҷой дорад. Кам нест ҳолатҳое, ки ҳамватанони мо бо ин мушкилиҳо рў ба рў шаванд. Аксар мардуми мо гурўҳ-гурўҳ дар зери дасти як нафар кор мекунанд, ки бевосита ў корро пайдо карда нархи корро муайян мекунад, ғайр аз ў дигар кас маблағро аз дасти соҳиби кор гирифта наметавонад. Бисёр вақтҳо ҳамватанони мо пушту паноҳ мешаванд, якдигарро дастгирӣ мекунанд бо ҷои кор таъмин мекунанд, дар ҳолатҳои беморӣ парсаторӣ мекунанд. Аммо нафароне низ пайдо мешаванд, ки манфиати худро аз ҳама болотар мегузоранд. Маҳмуди Аҳмад, донишҷӯ{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!