Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

Давлатманд дар Эрон; фалак ва ситоиш аз интихоботи президентӣ

24 июн 2013, 11:49

Давлатманд Холов, фалаксарои маъруфи тоҷик, дар якҷоягӣ бо гурӯҳи мусиқии "Овои меҳрубон" барномаи консертиеро дар Эрон баргузор кардааст.

Ба иттилои хабаргузории “Меҳр”, дар ин барнома сарояндаи машҳури тоҷик бахшида ба бузургдошти устод Ҷалили Шаҳноз чанд таронаи худ, аз ҷумла "Бӯйи Ҷӯйи Мулиён", "Ошноӣ", "Хандаи осмоннигар" ва "Ҳамнавозӣ"-ро хондааст.

Дар ин чорабинӣ, ки Давлаталӣ Ҳотамов, сафири Тоҷикистон дар Эрон, низ ҳузур доштааст, аз саҳми бунёди фарҳангӣ-ҳунарии Рӯдакӣ дар баргузории ин консерт қадрдонӣ карда, гуфтааст: “Қабл аз ин ки ба суроғи барномаи имшаб биравам, лозим аст ба мардуми сарбаланди Эрон дар пирӯзии бузург, ки ба муносибати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даст оварданд, табрик бигӯям. Мардуми Эрон бори дигар ба тамоми дунё нишон доданд, ки сазовори ҳар гуна қадр ва эҳтиром ҳастанд.”

Ҳотамов бо ишора ба ҳузури Давлатманд Холов дар ин консерт ва хотироти зиёди мардуми эронӣ аз оҳанги "Дур машав"-и ӯ афзудааст: “Давлатманд Холов сарояндаи навъи мусиқии фалак мебошад ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба ин навъи мусиқии қадимӣ алоқамандии зиёде дорад. Аз ин рӯ, ӯ дар тӯли ин солҳо бо ҳимояти гуруҳҳои мусиқии Тоҷикистон академияҳои мухталиферо дар ҳавзаи фалак, ба хусус Академияи гуруҳи Давлатманд Холов таъсис додааст ва ман аз ин фурсат истифода карда, аз ҳамаи ҳунармандони ҳаводор даъват мекунам, ба ин академия ба Тоҷикистон ташриф оранд ва мо омодаи ҳамагуна ҳамкорӣ мебошем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фира

  • 24 июн 2013 12:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Давлатманд садои осмонбусат хаста мабод бисаро барои мо бисаро, мо бо туйем........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чахон бо технологияхои наву истехсолот худро муарифи кунад точикистон бо хофизу ракосаву шеру суруд бо суруд хондан шиками мардум сер намешад ва давлат пеш намерад дар бадамон задас дар точ хама хофизу ракосанд ин боиси шармандагист бас будагист акнун бо илму техника боя муъарифи шавем на бо ин ахвол...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!