Бахшҳо
24 июн 2013 15:40Тоҷикистон / Сиёсат

Президент хобашонро паронд: Мансабдорони Хатлон дар интизори Раҳмон

Сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба вилояти Хатлон мақомдори ин минтақаро ба тараддуд андохта, ба фаъолият водор кардааст.

Ин сафари қарибулвуқӯи президент ба Қӯрғонтеппа боис ба он гардидааст, ки роҳу мавзеъҳои наздики хатсайр пас аз муддати дарози интизорӣ таъмиру таҷдид ва поккорӣ карда шаванд. Таъмиру таҷдиду поккорӣ махсусан дар масире, ки қадами Эмомалӣ Раҳмон аз он мегузарад, шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ ҷараён доранд.

Дар пасманзари талошу фаъолияти мансабдорони маҳаллӣ дар он ноҳияҳое, ки мизбони Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд буд, аз забони сокинони маҳаллӣ ибораҳои “Кош, президент ҳар моҳ вилояти мо меомад”, “Хайрият, ақаллан аз барои президент дар як сол як бор вазифаашонро иҷро мекунанд”, “президент хобашонро паронд-ку” зиёд садо медиҳанд.

Ин ҳарфҳои шодӣ аз даҳони мардуми одӣ дар ҳолест, ки онҳое дар ҳукуматҳову идораҳои давлатӣ кор мекунанд, шояд аз омадани президент чандон хушнуд ҳам набошанд. Зеро эшон маҷбуранд, ҳам вазифаи ҳаррӯзаи хешро адо намоянд ва ҳам саҳару бегоҳ ҷорӯбу каланд дар даст хор кананд, роҳ рӯбанд ва дарахт сафед кунанд ё лоақал кори зердастро наззора намоянд. Мусаллам аст, ки бо як порагии нимкораи асфалти роҳ сардори давлатро пазируфтан нашояд.

Бинобар ин, шаҳрдории ин чаҳор шаҳру ноҳия, ба қавли худашон, як қатор “объектҳои ҷашнӣ”-ро низ омода мекунанд. Масалан, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтар як толори варзишӣ барои 500 нафар ва як корхонаи хиштро ба кор дарорад. Дар ноҳияи Вахш бошад, баистифодадиҳии заводи равған, толори варзиш, меҳмонхона, мактаб ва бинои беморхонаи касалиҳои сил пешбинӣ шудааст. Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа бошанд, то ташрифи Эмомалӣ Раҳмон чаҳор иншоотро омода намуда истодаанд. Ин як маркази дилхушӣ барои кӯдакон ё худ “Лимпопо”, майдони тенниси калон, ҳаммом ва бинои панҷқабатаи истиқоматӣ.

Президент хобашонро паронд: Мансабдорони Хатлон дар интизори Раҳмон (Дар акс майдони сохтмони бинои 15 ошёна аст, ки хишти аввалаш се сол пеш аз ҷониби раисиҷумҳур гузошта шудааст) Дар ҳоле ки раисиҷумҳур дар сафари қаблиаш дар шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2010-ум ба сохтмони бинои понздаҳошёна ва як мактаби хусусӣ оғози расмӣ бахшида буд, вале айни ҳол ин иншоот ба ҳоли хеш партофта шудаанд. Айни муддао мебуд, агар Эмомалӣ Раҳмон баробари ба шаҳри Қӯрғонтеппа ворид гаштан аз Шарифхон Самиев (он вақт ҳам ӯ раиси шаҳр буд) аввал иҷрои ҳамон ваъдаашро тақозо намояд ва баъд “объект”-ҳои омоданамудаи навашро ифтитоҳи расмӣ бахшад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони ҷануби кишвар аз президент хоҳиш доранд, ки агар тавонад, моҳдармиён ба вилояти Хатлон биояд, зеро бо баҳонаи сафари кории ӯ чуқурчаҳои роҳҳо мумфарш, хасу хори порсола нест ва биноҳои дар хатсайр мақомдошта таъмири косметикӣ карда мешаванд, яъне танҳо дар арафаи сафари раисиҷумҳур мансабдорони маҳаллӣ вазифаҳои рӯзмарраашонро иҷро мекунанд.
Мӯҳр
Мехмоннавоз
Мухтарам чаноби оли! Ба Нохияи панч хам сафар намо, то раисони мо хам як хобашон парад. Пор сол тамоми роххоро атру пудра заданд некин мухтарам чаноби оли шумо ташриф наовардед. Ман хамчун як сокини нохияи панч аз шумо Чаноби оли бо самимият хохиш мекунам ба нохияи мо хам сафар намоед.
Ман хар кадар гаштам мисли мардуми точик нафарони мехмон навозро кам дидам. Аммо аз чи бошад ки президент ба тамоми гушаю канори чумхури сафар кард аммо ба Нохияи Панч Расман ташриф намеорад!?

EMOMALI RAHMON ! kay nohiyai PANJA obod mekna.. hami sol mo PANJIYO ovoz namedodem una yagon kas intihob namekad... har sol vada meta ki sveta metm hama gaposh durugay !!!

Мухтарам чаноби оли аз омадани шумо мо бе нихоят хурсандем чун пайи
кадами шумо ба нохияи мо ободи мебахшад.Хуш омадед Чаноб!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)