Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Усмонов: “Сулҳ кори 1 кас нест. 1 нафар ё ғолиб мешавад, ё мағлуб”

25 июн 2013, 18:20

Профессор Иброҳим Усмонов, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ҷониби ҳукуматро намояндагӣ мекард, ваҳдати миллиро натиҷаи азхудгузаштагӣ ва заҳмати мухолифину ҳукумат донист.

Ӯ дар ин бора рӯзи 25-уми июн дар нишасте бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Душанбе изҳори назар кард. Оқои Усмонов гуфт, як ҷониб ба ҳеч ваҷҳ наметавонад сулҳ бикунад.

“Вожаи сулҳ дар фаҳмиши ман калимаест, ки ду тараф дорад. Як кас ва як тараф сулҳ карда наметавонад. Як кас ва як тараф ё ғолиб меоянд ё мағлуб мешаванд. Албатта, масъулияти бештар ба гардани тарафи ҳукумат буд, чунки инҳо чизеро доданашон даркор буд, то дигаронро ҷамъ кунанд. Мухолифин чизеро гум намекард, вале имтиёз пайдо мекард”,-афзуд ӯ.

Дар ин нишаст, ки бо иштироки устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбарияти бархе аз китобхонаҳо ва намояндагони Пажӯҳишгоҳи фарҳангии Вазорати фарҳанг доир шуд, нақши Созмони Милал барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон низ чашмрас арзёбӣ гардид. Иброҳим Усмонов гуфт, ҷониби ҳукумат ва мухолифон, ки аз ҳам сахт ранҷида ва “қаҳрӣ” буданд, бори аввал бо мусоидати Созмони Милал дар Маскав паҳлуи ҳам нишастанд.

“Вақте мулоқоти аввал дар мавриди музокироти сулҳ дар Маскав баргузор мешуд, мо шабона нишастему маслиҳат мекардем, ки чӣ кор кунем. Бо он тарафи муқобил салом кунем, ё накунем. Он шаб ба хулосаи ягона наомадем ва аз ҷумла ман гуфтам, ки салом намекунам. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ман салом мекунам. Пагоҳаш омадем, ки онҳо аз мо пештар омада будаанд. Ман ҳамин хел вонамуд карданӣ будам, ки касеро надидаам ва ба толор даромаданӣ будам. Аз қафо Отахон Латифӣ фарёд кард, ки “эй Иброҳим, мо аз ҷиҳати сиёсӣ қаҳрӣ, лекин ту узви одии Иттифоқи журналистон будӣ ва ман раиси ин Иттифоқ. Ақаллан бо ман салом намекунӣ? Баъд гашта омадаму бо Отахон Латифӣ салом кардам ва маҷбур будам бо касони дигар, ки паҳлуяшон буданд, салом кунам. Ҳамин хел сар шуд”,-нақл кард Усмонов.

Ба қавли ин донишманди тҷоик, “моро аслан барои гуфтугӯ намояндагони Созмони Милал моил мекарданд. Зеро мо аз якдигар сахт ранҷидаву қаҳрӣ будем. Рӯҳияи ҳарду ҷониб ҳамин хел буд.” Профессор Усмонов дар охири суҳбаташ гуфт, аз 55-57 нафаре, ки бевосита дар раванди гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон ишитрок доштанд, 17 нафарашон дар қайди ҳаёт нестанд ва бояд хотираи онҳо ҳамеша нек нигоҳ дошта шавад.

Созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯи оппозитсиюни тоҷик ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав имзо шудааст. Дар рӯзҳои таҷлил аз Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон расонаҳои давлатӣ аксаран аз нақши ҳукумат дар барқарории сулҳ ёдоварӣ карда, аз мухолифон ном намегиранд. Дар ҳоле ки мухолифон низ худро як тарафи сулҳ медонанд ва борҳо хостаанд, ҳаққу нақши онҳо низ дар ин маврид гуфта шавад.


Дар акс: Профессор Иброҳим Усмонов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ракиб

  • 23 июн 2014 23:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
профессори мухтарам, шумо мочарочуи раками аввали чанги шахрвандист.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!