Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Бонки Миллӣ: “Раис дар ҷашни 60-солагияш кор карда буд”

2 июл 2013, 10:12

Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯянд, Абдуҷаббор Ширинов, раиси ин ниҳоди молиявӣ, ҷашни 60-солагияшро таҷлил накарда, балки машғули кор буд.

Онҳо ин ҳарфро дар посух ба матлаби ҳамкори “Озодагон” -- Ҷамила Мирбозхонова бо номи “Бемасъулиятӣ дар бонки масъулиятшинос” баён доштаанд. Дар ин матлаб гуфта мешуд, ки Алишер Солеҳов, раиси “Агроинвестбонк” ба далели иштирок дар ҷашни мавлуди Абдуҷаббор Ширинов, ки ба синни шаст расидааст, қабули муштариёнро дар рӯзи шанбе сарфи назар кардааст. Дар ҳоле ки бино ба амри раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарони тамоми идораҳо муваззафанд, ки дар рӯзи шанбе сокинонро қабул ва арзу доди онҳоро бишнаванд.

Аммо дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон менависад: “Қабл аз ҳама бояд қайд намуд, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов на 22 июн, тавре дар мақолаи номбурда омадааст, балки 20 июни соли равон ба синни 60-солагӣ қадам ниҳоданд. Илова бар ин, 20 июн, яъне панҷшанбе ва чанд рӯзи пеш аз ин бо сафари муҳими корӣ дар вилояти Суғд қарор доштанд.”

Дар идомаи ин нома гуфта шудааст, “дар мавриди он ки гӯиё рӯзи шанбе, 22 июни соли ҷорӣ, раиси Бонки Миллӣ Абдуҷаббор Ширинов тантанаи ҷашни мавлуд барпо намудаю меҳмонон барои табрикаш омада бошанд, танҳо ҳаминро иброз доштанием, ки он рӯзро ӯ дар дафтари кории худ барои ҳаллу фасли масъалаҳои бонкӣ сарф намуд. Таассуфовар он аст, ки ҳафтаномаи “Озодагон” маълумоти бардурӯғ ва иғвоангезро насанҷида ба нашр расонидааст, зеро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов умуман ҷашн ё тантанаи 60-солагиашро барпо накарда буд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саховат

  • 2 июл 2013 12:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хонум Мирбозхонова Ҷамила бо кадом максад ин гапхои дуругро гуфта бошад Алишер Солеҳов, раиси “Агроинвестбонк” ба далели иштирок дар ҷашни мавлуди Абдуҷаббор Ширинов, ки ба синни шаст расидааст, қабули муштариёнро дар рӯзи шанбе сарфи назар кардааст? Чаро гапи дуруг мезани Чамила ман рузи шанбе рафта будам назди Алишер Солеҳов даромадам бо масъалаи карз тамоми секторхои бонк кор мекарданд бо хуш муомилаги
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мӯҳтарам Ширинов Абдуҷаббор шахси нек ва меҳнатдуст аст. Бо дилхоҳ шаҳрванд бо забони ширин сухан меронад. Иловатан мегуям, ки мо низ рузҳои шанбе кор мекунем. То чи андоза ман медонам, Ширинов Абдуҷаббор ҳамеша дар қабули шаҳрвандон тайёр аст.
Посух додан
  • рафик

  • 6 май 2015 07:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ха ха ха - бузи хамсоя аз хандая мурд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
jamila baroi chi ikadar gapoi drug gap mezana

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!