Бахшҳо
02 июл 2013 10:46Тоҷикистон / Сиёсат

Абдуллоҳи Раҳнамо: Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ роҳ меҷӯяд

Дар ҳамоиши серӯзаи байналмилалӣ, ки зери унвони «Масъалаҳои рушд, субот ва амният дар Осиёи Марказӣ» дар маркази иёлати Ҷому ва Кашмири Ҳиндустон ҷараён дорад, беш аз 100 коршинос ва соҳибназар аз кишварҳои ҷаҳон ояндаи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказиро барасӣ менамоянд. Вазири умури хориҷии Ҳиндустон Салмон Хуршед зимни оғози ҳамоиш изҳор дошт, ки кишвараш дар пайи эҳёи коридорҳои иртиботию транзитӣ бо Осиёи Марказӣ ва Русия буда, дар ин самт корҳои амалиро ба роҳ гузоштааст.

Сардори раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, ки дар ин ҳамоиш ширкат дорад, ба «Озодагон» хабар дод, ки иштироки бевоситаи вазири умури хориҷии Ҳиндустон, сарвазири штати Ҷому ва Кашмир ва дигар мақомоти сиёсӣ ва илмию фарҳангии Ҳиндустон дар ин ҳамоиш нишонгари таваҷҷӯҳи махсуси ин кишвар ба масъалҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Оқои Раҳнамо аз ҷумла изҳор дошт, ки дар даҳсолаи охир омӯзиши масъалаҳои Осиёи Марказӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки тадқиқотӣ дар Ҳиндустон табдил ёфта, дар ин кишвар даҳҳо маркази махсуси минтақашиносӣ фаъолият доранд: “Ҳатто аз барномаи ҳамоиш метавон гуфт, ки баъзе аз масъалаҳои Осиёи Марказӣ, ки олимони Ҳинд ахиран ба омӯхтани амиқи он рӯ овардаанд, ҳатто дар худи кишварҳои ин минтақа ҳанӯз дуруст омӯхта нашудааст.”

Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо, яке аз сабабҳои асосии ин таваҷҷӯҳ дар он дида мешавад, ки тибқи пешбинии коршиносон, Ҳиндустон рушди босуръати худро идома дода, дар даҳсолаҳои оянда на танҳо ҳамчун қудрати минтақавӣ, балки ҳамчун қудрати бонуфӯзи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии сатҳи ҷаҳонӣ зуҳур хоҳад кард: “Бинобар ин, таваҷҷӯҳи Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ ҳам ҷанбаи иқтисодӣ ва ҳам ҷанбаи сиёсию геополитикӣ дорад."

Нахуствазири штати Ҷому ва Кашмир дар оғози ин ҳамоиш маҳз бо ишора ба нақши қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин минтақа гуфт: «Кишварҳое чун Русия, Амрико ва Чин гумон мекунанд, ки маҳз онҳо ҳуқуқи таъйини вазъият дар Осиёи Марказиро доранд.»

Дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон сухан гуфта, вазири умури хориҷии Ҳиндустон Салмон Хуршед изҳор доштааст, ки ин кишвар талош дорад, низоми виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо Тоҷикистонро содда намуда, барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Ҳиндустон шароити беҳтар пешниҳод намояд. Ӯ зимни изҳори ин матлаб дар сӯҳбат бо намояндаи Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши мазкур илова намудааст, ки нигоҳи Ҳиндустон ба Тоҷикистон комилан дӯстона буда, ду кишвар ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар сатҳи барномаҳо ва лоиҳаҳои минтақавӣ ҳамкории фаъол доранд.

Дар АКС: Вазири умури хориҷии Ҳиндустон Салмон Хуршед ҳангоми суҳбат бо сардори Раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)