Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:06

Оҷонсӣ дар марги Ҷаннат Усмонова худро масъул намедонад

2 июл 2013, 14:12

Намояндагии Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, дар марги Ҷаннатой Усмонова, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, худро масъул намедонад.

Хонум Усмонова дар пайи ду бозпурсии маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ аз манзили худ берун рафта, дигар барнамегардад. Ҷасади ӯро рӯзи 29-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили Сирдарё, воқеъ дар ҷамоати Сарбанд, пайдо мекунанд.

Дилшод Зарифов, сардори шӯъбаи мубориза бо фасод, ба “Озодагон” гуфт, нисбат ба Ҷаннатой Усмонова бар асоси моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда оғоз гардида ва ӯ барои гирифтани 250 доллар “пора” муттаҳам дониста мешуд.

“Бояд қайд намуд, ки худи ҳамон рӯз пас аз дастгир шудан, баъд аз нишон додани нишонаҳои худиқрорӣ ва гузаронидани тафтишоти зарурии муфаттиш, чораҳои пешакӣ дар намуди забонхат дар мавриди аз ҷои зист баромада нарафтанаш, гирифта шуда буд”,-мегӯяд Зарифов.

Дар идомаи сӯҳбат Дилшод Зарифов гуфт, дар мавриди фавти хонум Усмонова аз Раёсати умури дохилӣ иттилоъ ёфтаанд ва фикр намекунанд, ки бозпурсӣ сабаби худкушии ӯ шуда бошад.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҷаннатой Усмонова мегӯянд, ҳангоми азназаргузаронии ҷасад ягон аломати марги маҷбуриро мушоҳида накардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вичдон доштааст мудири кафедра Кош Дилшод ин кабил омузгорони порахурро аз Донишгоххои Хучанд боздошт мекарданд
Холи донищчуён хароб асту забон паси дандон доранд
Сад хайф ба холи ин кабил номзадхои илму забоншиносон ва донандагони хикмати ниёгон Ба пул вичдон фурухтан ,,,,,Сад дарег ,,,,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЧОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД БА МАРГИ ИН МУАЛЛИМА ГУНАХКОР АСТ......

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!