Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

Шикояти ширкати писари Зайд Саидов ба Кумитаи андоз

2 июл 2013, 14:27

Масъулони ширкати “Тоҷсохтмон-Байналмилал”, ки марбут ба писари Зайд Саидов, раҳбари зиндонии гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", аз рӯи натиҷаи тафтиши маъмурони андоз ба Кумитаи андоз шикоят бурдаанд.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ширкати марбут ба писари Зайд Саидов танҳо бо далелҳои сиёсӣ ва ғайриқонунӣ ҷарима шудааст.

“Гап сари ин меравад, ки масъулини Кумитаи андоз фаъолияти ширкати мазкурро аз соли 2009-2013 мавриди санҷиш қарор доданд, дар ҳоле ки тибқи қарори ҳукумат фаъолияти корхонаҳо набояд зиёда аз 2 солро дар бар бигирад. Илова бар ин, фаъолияти ширкати “Тоҷсохтмон-Байналмилал” дар соли 2011 мавриди санҷиш қарор гирифта буд, ки он замон дар натиҷа масъулини ширкат ҳудуди 2 милион сомонӣ ҷарима пардохт карда буданд”,-афзуд ӯ.

Фахриддин Зокиров мегӯяд, то 1 моҳи дигар масъулини Кумитаи андоз бояд ба муроҷиати онҳо посухи хаттӣ бидиҳад. Ахиран Кумитаи андози Тоҷикистон фаъолияти ширкати “Тоҷсохтмон-Байналмилал”-ро санҷиш карда, онро 16 миллион сомонӣ ҷарима баст.

Фахриддин Зокиров мегӯяд, ин танҳо ҷаримаи Кумитаи андоз буд, ки дар пайи санҷиши маъмуронаш эълон шуд. “Мо комилан бо натиҷаи санҷиш розӣ нестем, зеро дар он ҳолатҳои даромадро ду баробар андозбандӣ кардаанд, ки ин амали ғайриқонунӣ аст. Ҳоло санҷиш аз ҷониби ниҳодҳои дигар, аз ҷумла Оҷонси мубориза бо фасод, идома дорад”,-гуфт ӯ.

Вай афзуд, ҳарчанд ба адолати додгоҳӣ дар кишвар чандон эътимод надорад, вале ба ҳар сурат дар пайи гирифтани ҷавоби Кумитаи андоз ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.


Дар акс: Зайд Саидов бо писараш Хайруллоҳ Саидов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ситора

  • 13 август 2014 10:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба писари Зайд САид Гуфтаниам Ин Худонотарсон Шуморо хам ба махкама мекашанд бовар кунед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!