Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

Кумитаи амният аз боздошти “қочоқчии номӣ”-и Хоруғ хабар дод

2 июл 2013, 17:09

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як амалиёти муштарак бо мақомоти дигари қудратӣ, дар ноҳияи Шуғнон, “қочоқчии номии мухаддирот, яке аз аъзои гуруҳи ҷинояткори шаҳри Хоруғ, Бозоров Темурбек Наврўзбекович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Миденшори, ҷамоати Поршинев боздошт шудааст.”

Кумитаи амният мегӯяд, Темурбек ҳамроҳ бо писараш Бозоров Элбек, соли таваллудаш 1990, бо гумони фурўши маводи мухаддир ба шаҳрвандон Худобахшов Худобахш Алибахшович, Хушдилов Ҳабиб Пурдилович, Тайғунов Тайғун Нодиршоевич, Пираков Мародмамад Давлатмамадович, ки ҳамагӣ сокинони ҷамоати Поршнев мебошанд, боздошт шудаанд. Номбаршудагон шаҳодат додаанд, ки маводи мухаддирро аз Бозоров Темурбек харидорӣ кардаанд.

Ба иттилои мақомоти амнияти Тоҷикистон зимни азназаргузаронии хонаи истиқоматии Бозоров Темурбек, зиёда аз 2 кг «героин», 50 грамм бангдона, як адад таппончаи Макаров бо 34 дона тир, 40-адад тири милтиқ, 300 грамм сангҳои қиматбаҳо, 27 ҳазор сомонӣ, як адад қаиқ барои амалӣ намудани кирдорҳои қочоқӣ тавассути сарҳади давлатии ҶТ бо ҶИА ва либоси махсуси обногузар, инчунин 1 адад корднайза (штык-нож) дарёфт ва мусодира гардиданд. Манбаъ мегӯяд сангҳои қиматбаҳоро Бозоров Темурбек аз як корманди раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ гирифта, бар ивазаш ба ў героин додааст.

Кумитаи амнияти Тоҷикистон Бозоров Темурбекро яке аз паҳнкунандагони маводи мухаддир, алалхусус навъи «героин» дар Бадахшон арзёбӣ мекунад. Ин ниҳод мегӯяд, “соли равон 2 нафар сокини маҳаллии гирифтори нашъамандӣ аз зиёдшавии ҳаҷми истеъмолии героин дар назди манзили истиқоматии ў ба ҳалокат расиданд. Дар давоми 10 соли охир бошад, 210 нафар ҷавонон дар натиҷаи зиёд кардани ҳаҷми истеъмолии маводу мухаддир ҳалок шудаанд.”

Масъулини амният мегӯянд Бозоров Темурбек якчанд ҳаммаслакони худро ифшо кардааст ва айни ҳол ҳаракатҳои зиддиқонунияшон мавриди тафтиш қарор дорад.

Кумитаи амният мегӯяд, амалиёти мазкур аз рўйи муроҷиати як қатор модарони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон, ки фарзандонашон аз тарафи шаҳрванд Бозоров Темурбек Наврўзбекович гирифтори касалии вазнини нашъамандӣ гардида, аз ҷониби ў барои иҷрои корҳои сохтмонию хоҷагидориаш мавриди истифода қарор мегирифтанд, тарҳрезӣ ва гузаронида шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!