Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 24 май 2017, 01:27

Ҷанги тоҷикону узбакҳои мусаллаҳ ва ҳалокати се нафар

2 июл 2013, 18:34

Тоҷикону узбакҳои мусаллаҳ бо калтаку санг ҳудуди чанд соат бо ҳам занозанӣ кардаанд.

Бино ба иттилои торнамои ca-news.org ин ҳодиса рӯзи шанбеи 29-уми июн дар шаҳри Толиқони Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. “Ин низоъ ба ҳамлаҳои мусаллаҳона боис шуда ва сабаби марги се нафар ва захмӣ шудани 52 кас гардидааст”,-хабар медиҳад манбаъ.

Хабарҳои расида баёнгари онанд, ки баъди як ҳафтаи таҷаммӯи узбакҳои қавмӣ беш аз 400 корманди пулиси миллӣ ба музофоти Тахор фиристода шудаанд. Далели гирдиҳамоии узбакҳои бумӣ он буда, ки ба қавли онҳо дар ҳукумати миллӣ ва маҳаллӣ намояндаҳои онҳо ангуштшуморанд. Эътирозгарон гуфтаанд, ахиран раҳбари пулиси маҳаллӣ, ки узбактабор буд, аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷои он «як дӯсти вазири умури дохилӣ таъин гардид».

Пулис чанд мошини сӯхторнишонро ҳам ба маҳалли таҷаммӯъ овардааст, то дар сурати зарурат эътирозгаронро пароканда созад, менависад манбаъ. Аммо дар поёни рӯз вазъ печида шудааст. Ба маҳалли гирдиҳамоӣ ҳудуди 500 тоҷики маҳаллӣ, ки дар наздикии маркази шаҳр зиндагӣ мекунанд, омадаанд.

«Дар оғоз танҳо ҷамъомадаҳо якдигарро дашном доданд, аммо баъди чанд дақиқа ҳар ду ҷониб ба сӯи якдигар сангу кулӯх ҳаво доданд. Нерӯҳои пулиси миллӣ асосан ҷониби тоҷикон равона шуда буд. Баъди чанд фурсат сардори пулис амр кард, ки ҳамлагаронро бо истифодаи гази ашковар ва об пароканда намоянд»,- навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, даргирӣ то замоне идома кардааст, ки кормандони пулис ба ҳаво оташ накушоданд. Ба ҳар сурат бар асари ин бархӯрдҳо се нафар кушта ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо маълум нест, ки афроди кушташуда, намояндаи кадом қавманд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!