Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

ВКД ҳукуматҳои "саркаш" аз фармони президентро ном бурд

26 июн 2013, 12:12

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар гузориш додааст, ки бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ фаромини раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намекунанд.

Ин ниҳоди қудратӣ ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳисор, Тавилдара, Ҷиргатол, Рашт, Бохтар, Вахш, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Шӯрообод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Истиқлол ва Шаҳристонро номбар карда, таъкид намудааст, ки масъулини онҳо фармони раисиҷумҳурро дар бораи беҳтар намудани шароити кори нозирони минтақавӣ сарфи назар мекунанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки аз интишори фармони раисиҷумҳур дар бораи беҳтар кардани шароити кору фаъолияти нозирони минтақавӣ моҳҳо гузаштанд, шароити кории нозирони минтақавӣ дар ҳолати ногувор қарор дорад.

Ин ниҳод хотиррасон мекунад, ки таърихи 30 июни соли 2012 фармони президент дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии ба тасвиб расид, ки ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳоро водор месозад, ки бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба шароити хизматрасонии нозирони минтақавӣ ҳуҷраҳои кории онҳоро таъмир ва бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!