Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:28

ВКД Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба “порагирӣ” муттаҳам кард

28 июн 2013, 10:45

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷикро, ба гирифтани 100 доллар “пора” муттаҳам донист. Санавбар Аҳадова, сокини 39-солаи ноҳияи Ашт, аз болои Муҳаммадюсуф Исмоилов ба мақомоти пулис шикоят карда ва гуфтааст, ин хабарнигор аз ӯ ба маблағи сад доллар пора талаб намудааст.

“Рӯзи 21-уми июни соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Маҳмадюсуф Исмоилови 53-сола, аз Санавбар Аҳадова бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гирифтааст. Маҳмадюсуф Исмоилов боз такроран рӯзи 24-уми июн барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб менамояд”,-омадааст дар сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба қавли мақомоти ин вазорат, оқои Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ аз Санавбар Аҳадова дастгир шуда, ҳоло дар боздошт ба сар мебарад. Ба гфтаи онҳо, нисбат ба Муҳаммадюсуф Исмоилов бар асоси моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!