Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:57

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз бахши моҳидорӣ дар Тоҷикистон

28 июн 2013, 12:35

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 28-уми июн, дар маҷлиси ҳукумат, баъди шунидани гузориши вазири кишоварзӣ, Қосим Қосимов дар бораи руши моҳидорӣ, аз корҳо дар ин бахш интиқод намудааст.

Тибқи иттилои дафтари мабуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат вазири кишоварзӣ аз рафти иҷрои Барномаи рушди моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015 ҳисобот дода, аз ҷумла зикр кардааст, ки то қабули барнома дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 8 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 3097 га замин фаъолият доштанд: “Майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ 1280 га буд. Дар натиҷаи татбиқи барнома то охири соли 2012 шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар ба 150, масоҳати заминҳои онҳо ба 7096 га ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ба 2912 га расид.”

Аммо Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои барнома ва умуман рушди бахши моҳипарварӣ дар Тоҷикистон изҳори норозигӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ва васеъ ба роҳ мондани ин фаъолияти бисёрдаромад супоришҳои мушаххас додааст. Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки то охири сол бори дигар ҳисоботи кор дар ин соҳа шунида хоҳад шуд.

Инчунин зимни ҷаласа дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 баррасӣ шудааст: “Тибқи нишондодҳои кунунии он шумораи аҳолии кишвар дар се соли оянда мутаносибан ба 8 миллиону 232 ҳазор, 8 миллиону 400 ҳазор ва 8 миллиону 581 ҳазор нафар хоҳад расид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 48 миллиарду 500 миллион сомонӣ, 55 миллиарду 530 миллион ва 63 миллиарду 200 миллион сомонӣ бояд расонда шавад. Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин солҳо ба ҳисоби миёна 7,6%-ро ташкил хоҳад дод. Сатҳи таваррум бошад, дар се соли оянда мутаносибан 7,5%, 7% ва 6,5% пешбинӣ шудааст.”

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур барои ворид намудани тағйиру иловаҳо қонунҳо “Дар бораи энергетика”, “Дар бораи монополияҳои табиӣ” ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба парлумон пешниҳод гардидаанд.

Зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дастур додааст, ки ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот, захираи фаровони хӯроки чорво ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи махсус дода шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!