Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:38

КДЖ: Ислом Каримов ба ваъдааш вафо кунад

28 июн 2013, 15:05

Кумитаи дифоъ аз журналистон бо нашри баёнияе гуфтааст, Ислом Каримов, райисҷумҳури Узбакистон бояд изҳороти оммавии худ дар мавриди дастгирии рӯзноманигоронро иҷро намуда, дар навбати аввал Салидҷон Абдураҳмоновро аз маҳбас раҳо кунад.

Ин кумита, ки дар Ню-Йорки Амрико мақар дорад, мегӯяд, вазъи саломатии Абдураҳмонов, ки аз соли 2008 ба ин сӯ дар маҳбас аст, бад шудааст.

Ислом Каримов зимни суханронӣ дар Рӯзи кормандони соҳаи ВАО-и Узбакистон ба зарурати васоити ахбори омма барои ояндаи хуби Узбакистон таъкид намуда, ваъдаи ҳалли мушкилоти журналистонро дод.

Дар баёнияи Кумитаи дифоъ аз журналистон омадааст, мақомот Салидҷон Абдураҳмоновро барои гузоришҳои интиқодияш аз мақомоти маҳаллӣ ва милиса барои 10 сол аз озодӣ маҳрум карданд. «Мо аз мақомоти Узбакистон даъват мекунем, дар зудтарин фурсат ӯро аз зиндон раҳо кунанд»,-гуфтааст Нина Огнятова, намояндаи ин кумита дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Абдураҳмонов, ки дар расонаи мустақили Uznews фаъолият дошт, 7-уми июни соли 2008 бо иттиҳоми нигоҳдории маводи нашъадор боздошт шуд. Кормандони пулис гуфтанд, ки маводи нашъадорро аз дохили мошини ӯ пайдо кардаанд. Аммо Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, ин иттиҳом тақаллубиву бофта аст, зеро Абдураҳмонов бештар аз сатҳи фасод дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба вижа БДА менавишт. Абдураҳмонов барои 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва панҷ соли онро паси сар кард.

Uznews 21-уми июн хабар дод, Абдураҳмоновро ба беморхонаи зиндони Тошканд бурдаанд. Дар соли равон ин бори дуюм аст, ки рӯзноманигор бистарӣ мешавад.

Рӯзи чоршанбе дар як номаи боз сенаторҳои амрикоӣ бо шумули Ричард Ҷ. Дурбин, Бенҷамин Кардин ва Ҷон Маккейн аз Ислом Каримов раҳоии Абдураҳмонов ва дигар журналистону ҳомиёни ҳуқуқро дархост карданд.

Бино ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҳоли ҳозир дасти кам чор журналисти мустақили узбак дар маҳбас қарор доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!