Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Баъд аз бозпурсӣ... Устоди 64-сола худро ба дарёи Сир партофт

1 июл 2013, 11:46

Ҷаннат Усмонова, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, баъд аз бозпурсии маъмурони Оҷонси зиддифасод худро ба дарёи Сир андохтааст.

Ҷасади ин устоди 64-соларо танҳо баъд аз дуним рӯзи беному нишон шуданаш аз ноҳияи Спитамен (шохоби дарёи Сир) пайдо кардаанд.

Бино ба нақли наздикону ҳамкорони Ҷаннат Усмонова, ӯ рӯзи сешанбе ва чаҳоршанбеи гузашта (25-26 июн) мавриди бозпурсии маъмурони Оҷонси зиддифасод қарор гирифта, шаби панҷшанбе (27 июн) аз хона берун рафтаву дигар барнагаштааст. Ҷасади Усмоноваро рӯзи 29 июн ёфта ва рӯзи 30 июн ба хок супурдаанд.

Ҳамкорону наздикони Ҷаннат Усмонова мегӯянд, далели худкушии ӯро намедонанд. Вале ба ин назаранд, ки зоҳиран бозпурсии маъмурони Оҷонси зиддифасод ӯро ба ин кор водор намудааст.

Аммо мақомоти Оҷонси зиддифасод дар Хуҷанд ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва то ҳол маълум нест, ки чаро Ҷаннат Усмонова мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.


Баъд аз бозпурсӣ... Устоди 64-сола худро ба дарёи Сир партофт


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!