Бахшҳо
01 июл 2013 14:34Хабарҳои ҷаҳон

Нигоҳе ба корномаи яксолаи Мурсӣ

Нигоҳе ба амалкарди яксолаи Мурси нишон медиҳад, ки вай корномаи қобили қабуле аз худ барҷой нагузоштааст, албатта мувофиқон аз амалкарди вай дифоъ ва мухолифон низ амалкарди яксолаи вайро зери савол мебаранд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Миср дар остонаи тазоҳуроти саросарӣ қарор дорад, ки қарор аст, дар он ҳамаи гуруҳҳо ва ҷарёнҳои сиёсии Миср чи ҷараёнҳо ва гуруҳҳое, ки муоризи ҳукумати ихвониҳо ҳастанд ва чи ҷараёнҳо ва гуруҳҳое, ки ҳомии Мурси ва Ихвонулмуслимин ҳастанд, дар он ҳузур ёбанд.

Нигоҳе ба корномаи яксолаи Муҳаммад Мурси, раиси ҷумҳури Миср бидуни тардид нишон хоҳад дод, ки мутолибот ва хостаҳои ҷараёнҳо ва гуруҳҳои муориз ва дар айни ҳол дифоъи гуруҳҳо ва ҷараёнҳои ҳомӣ то чи андоза машруъ бар ҳақ аст.

Интихоботи риёсати ҷумҳурие, ки соли гузашта дар Миср баргузор шудро бояд аввалин интихоботи риёсати ҷумҳурии воқеъйи кишвари Миср ба шумор овард, ки натиҷаи он интихоби Муҳаммад Мурси ба унвони аввалин раиси ҷумҳури мунтахаб ва ғайринизомии Миср буд.

Пас аз он майдони Ал-таҳрири Қоҳира дар ҳодисае нодир дар таърихи Миср шоҳиди ҳузури Мурси дар ин майдон буд, то Муҳаммад Мурсӣ пеш аз адои савганд дар баробари додгоҳи олии қонуни асосии Миср савганди худро дар баробари мардуми ин кишвар адо кунад.

Ин дар ҳолест, ки пирузии Муҳаммад Мурси дар интихобот бо истиқболи бисёр зиёди мардуми Миср мувоҷеҳ шуд, ки умеди бисёре доштанд то руйи кор омадани Мурси шароитро мутаҳаввил ва аз усул ва мабодии инқилоби онҳо муҳофизат кунад.

Муҳаммад Мурси дар ҳоле қудратро дар Миср ба даст гирифт, ки вориси низоме буд, ки бо ҳокимияти се даҳаи худ бар кишвар аз он ҷузъи вайронае бар ҷой нагузошта буд. Ин мавзуъ ба шакле вижа дар ҳавзаи иқтисод қобили мулоҳиза буд, ки яке аз авомили шуълавар шудани инқилоби 25 январ низ ба шумор меомад.

Афзун бар инки ин воқеияте инкорнопазир буд, ки Ихвонулмуслимин агарчи созмонёфтатарин ташаккули ҳизбӣ дар Миср ба шумор меомад, аммо ҳеч таҷрибае аз идораи умури кишвар надошт ва ин аввалин таҷрибаи онҳо дар идораи умури кишвараш буд, ки бузургтарин ва муҳимтарин ва таъсиргузортарин кишвар дар ҷаҳони араб ба шумор меомад ва мавқеият ва ҷойгоҳи стротегии он ва қарор гирифтанаш дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳассосиятҳо ва нигоҳҳо бар Мисрро сад чандон карда буд.

Руй кор омадани Муҳаммад Мурси ва дастуроти вай дар ташкили девон ва расидагӣ ба музолим ва афзойши кормандони давлат ҳамроҳ буд то пас аз он вай дар иқдоме ғофилгиркунанда Муҳаммад Ҳусайни Тантовӣ, вазири дифоъ ва раиси шурои низомии Миср ва сарлашкар Сомӣ Анон, раиси ситоди муштараки артиши кишвари Мисрро аз мақоми худ барканор кунад, иқдоме, ки агарчи барои бозмондагони режими собиқ иқдоме бисёр ғофилгиркунанда буд, аммо бо истиқболи бисёр зиёди мардуми Миср мувоҷеҳ шуд, ки эътиқод доштанд, Тантовӣ ва Анон дастнишондагони режими собиқ ва муҷрии сиёсатҳои Ҳуснӣ Муборак - раиси ҷумҳури халъшудаи Миср ҳастанд. Агарчи бисёре дар Миср аз ин иқдоми Мурси истиқбол карданд, аммо дар айни ҳол буданд касоне, ки бовар доштанд, бозмондагони режими собиқ ҳамчунон дар дастгоҳи низомии Миср ҳузур ва фаъолият доранд ва Мурси аз хадамоти онҳо баҳра мебурд ва ин мавзуъ танҳо маҳдуд ба дастгоҳи низомии Миср намешавад, балки дигар дастгоҳҳои ҳукуматӣ аз ҷумла дастгоҳи қазойи ин кишварро низ дар бар мегирад.

Пас аз он раиси ҷумҳури Миср тасмимотеро иттихоз кард, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ва сиёсӣ баҳсҳои бисёреро дар Миср ба дунбол дошт ва аввалини онҳо дар лағви ҳукми додгоҳи қонуни асосии Миср дар инҳилоли порлумон ва фарохондани намояндагон ба ҳузур дар порлумон ҷиҳати идомаи фаъолияти худ буд, ки бо мухолифатҳои шадид ва сахти додгоҳи қонуни асосии Миср мабнӣ бар мунҳал будани порлумон ва лузуми барканории интихоботи ҷадиди порлумонӣ сар фуруд овард, тасмиме, ки ба ҷойгоҳи риёсати ҷумҳури зарба зад.

Аммо ба назар мерасад, ин охирин тасмими иштибоҳи Мурси набуд, чун пас аз он Миср шоҳиди эълони мутаммами қонуни асосии ин кишвар аз ҷониби Мурси ва таъкиди раиси ҷумҳури Миср бар лозимулиҷро будани дастуроташ буд, то то дар канори он дастури барканории Абдулмаҷид Маҳмуд, додситони кулли Миср ва интисоби Талъат Абдуллоҳ кунад, ки ин иқдоми Муҳаммад Мурсӣ низ бо ҷанҷолҳои бисёри расонаӣ ва таблиғотӣ ва дар айни ҳол баҳс ва ҷадалҳои бисёри ҳуқуқӣ ва қонунӣ ҳамроҳ шуд ва шояд битавон гуфт ҷарақаи эътирозҳое, ки ҳамакнун ингуна ҷомиаи Мисрро ба ошуб ва таниш ва ҳарҷу марҷ кашонада дар ин тасмими Мурси хулоса мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар канори ин тасмимоти ҳуқуқӣ ва қазоӣ, фармонҳое дигар аз Муҳаммад Мурси низ содир шуд, ки дар судури фармони афви зиндониёни амниятӣ ва озодии онҳо намуд пайдо мекард, мавзуъе, ки бархе аз коршиносон ва соҳибназарон бар ин бовар ҳастанд, мучиби бозгашти ноамнӣ ва ташдиди ҳарҷу марҷ дар Миср ва бавижа саҳрои Сино шуд ва бархе аз мисриҳо масъулияти инро ба сурати мустақим мутаваҷеҳи Мурси медонанд.

Сарфи назар аз идқомоти дуруст ё нодурусти зикр шуда, Муҳаммад Мурси таи таблиғоти интихоботии худ аз барномаи *100 рузае* сухан мегуфт, ки дар он мутааҳид шуда буд, мушкилоти ҳамлу нақл ва низофату покизагӣ ва хусту нону амнияти мардуми Мисрро ҳал кунад, дар ҳоле, ки Мурси дар онҳо чандон муваффақ нишон надод, бавижа буҳрони сухт, ки бозтобҳои он чандин ҳавза аз ҷумла нонвойҳо ва барқ ва рафту омаду тараддудро дар бар мегирифт.

Наҳӣ Камол, фаъоли сиёсии Миср бар ин бовар аст, авзоъи ҷомиъаи Миср таи як соли ҳокимияти Мурси бавижа дар ҳавзаи амният беҳбуд наёфтааст ва далели ин амр кушта шудани ҳудуди як сад шаҳрванди мисрӣ ва боздошти 3 ҳазор нафари дигар аст.

Дар гирудори ин эътирозҳои мардумӣ буд, ки шуморе аз мушовирон ва вузарои давлати Миср аз симмати худ истеъфо карданд, то бар нигарониҳои раиси ҷумҳури Миср аввалин соли риёсати ҷумҳурияш бияфзоянд ва ҳаводиси хунини *қасри Ал-итиҳодия* -ро ба дунбол дошта бошад, ки дар ҷараёни он даҳҳо шаҳрванди мисрӣ аз ҳомиён ва мухолифони Муҳаммад Мурси бо сангу чуб ва бутри ба ҷони ҳам афтоданд.

Мухолифони Мурси аз ҷумла интиқодотеро, ки ба вай ворид мекунанд, нотавонии вай дар таҳаққуқи аҳдофи инқилоб, эҳқоқи ҳуқуқи шуҳадо ва маҷруҳон, адами ташкили кумитаҳои ҳақиқатёби ҷадид дар қазияи куштори тазоҳуркунандагони мисрӣ, нотавонӣ дар муаррифии ҷинояткорони воқеъӣ ва муҳимтар аз ҳама нотавонии Мурси дар ғалаба бар фасоди ҳоким бар Миср медонанд.

Ҳамчунин муъоризон бар ин боваранд, ки Мурси дар интихобот масъулони камтар меъёрҳое ҳамчун илм ва шойистагӣ ва лаёқатро дар назар гирифта ва ба иборати дигар шойистасолориро дар интихоби масъулон лиҳоз накардааст ва тамоми маносиби давлатӣ ва ҳукуматиро бо афроде аз ҷамоъати Ихвонулмуслимин пур карда, ки ин иқдоми вайро гоме дар роҳи ихвонӣ кардани давлат ва кишвари Миср талаққӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе коршиносон бар ин боваранд, ин мавзуъ муҷиб шуда то қибтиҳои Миср аз ҷумла гуруҳҳои иҷтимоъйи мисрӣ бошанд, ки беш аз пеш дар ин ҷомиъа ба ҳошия ронда шаванд ва бар норизоятии онҳо беш аз пеш афзуда шавад.

Агарчи дар ин миён ҳаводорон ва тарафдорони Мурси дидгоҳи дигаре доранд, онҳо бар ин боваранд, ки Муҳаммад Мурси дар тули як соли риёсат ҷумҳурии худ муваффақ шуд, бо иҷрои амалиёти *Наср* илова бар инки бо решаҳои террорисм дар саҳрои Сино муқобила кунад, балки барои аввалин бор аз замони бастани тавофуқномаи *Камп Девид* тавонист тачҳизоти низомии сангинро вориди Сино кунад ва кори наҷоти таслиҳотии Мисрро бори дигар роҳандозӣ кунад.
Ҳамчунин бо иҷрои шуморе аз тарҳҳои бузурги иқтисодӣ даҳҳо ҳазор фурсати шуғлии ҷадид барои ҷавонони мисрӣ фароҳам кунад ва бо афзоиши дастмузди коргарон ва ҳуқуқи кормандон дар роҳи адолати иҷтимоъӣ гоме бардорад.
Сарфи назар аз он Муҳаммад Мурси бо дар назар гирифтани ҳуқуқи муҷаззо барои хонаводаҳои шуҳадо ва маҷруҳони инқилоб ва муҳокимаи муҷаддади қотилони инқилобиюн ва озодии тамоми шаҳрвандоне, ки дар ҳаводиси 25 январ боздошт шуда буданд ва поксозии шуморе аз муъассисот ва дастгоҳҳои давлатӣ ва барканории бозмондагони режими собиқ дар воқеъ дар роҳи таҳаққуқи аҳдофи инқилоби 25 январ гоме бардоштааст.

Ба ақидаи мувофиқон, Муҳаммад Мурси дар арсаи сиёсати хориҷӣ дар тули ин як соли гузашта муваффақ шуд, нақши Миср дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ ва африқоиро бо мушорикат ва ҳузури тамоми нишастҳо ва иҷлосҳо эҳё кунад.
Ҳамчунин Муҳаммад Мурси муваффақ шуд то 8 тавофуқномаи ҳамкорӣ ба арзиши 5 миллиард пунди мисрӣ ва бо Италия тавофуқномае ба арзиши як миллиард евро бо Туркия тавофуқномаи таъсиси шаҳри санъатӣ ба арзиши як миллиард доллар имзо кунад ва шумори зиёде аз мисриҳо дар банди кишварҳои дигарро озод кунад ва бо Қатар ва Судон тавофуқномаҳое имзо ва таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаро мутаваққиф кунад.

Бо ин ҳол Абдуллоҳ Ал ашъал бар ин бовар аст, ки Мурси дар тули як соли гузашта дорои дидгоҳи шафоф ва равшане набуда ва натавониста аз тамоми тавонмандиҳои мавҷуд дар ҷомиъаи Миср истифода кунад, аммо ин бад ин маъно нест, ки хоҳони барканории вай шавем, балки бояд ҳузур ва мавҷудияти вайро дар ин симмат ҳифз кунем ва даст дар дасти ҳам кишвар ва давлати қудратманд бино кунем.

Ҳамчунин Сайфулислом Ҳасан Ал-бано аз раҳбарони ҷамоъати Ихвонулмуслимин таъкид мекунад, ки Мурси дар тули ин як сол ҳарончи дар тавон доштаро анҷом додааст, аммо шароите, ки Миср дар он гирифтор омада бисёр сахт аст ва Мурси бо муътаризон аз ҳамон ибтидои интихоб ба мақоми риёсати ҷумҳурӣ мувоҷиҳа буда, ки дар ҷараёнҳо ва неруҳои муъориз намуд пайдо мекунанд ва ба шиддат ҳам аз ҷониби тарафҳои хориҷӣ таҳрик ва ҳам ҳимоят мешаванд ва ин ҷараёнҳо ва гуруҳҳо ва афрод ҳамвора монеъи бузурге бар сари роҳи иқдомоти Мурси будаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)