Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:23

Боздошти як устоди донишгоҳ дар вилояти Суғд

18 июл 2011, 11:30

Аз тарафи прокуратураи вилояти Суғд парвандаи  ҷиноӣ бо моддаи 324 қисми 2 ( гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ нисбати  омӯзгори   Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  Ф.Х.оғоз карда щудааст.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар мақомоти додситонӣ иттилоъ доданд, устоди таълимгоҳи олӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ  аз шаҳрванд М.Н.  истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан, маблағи пулӣ баробар ба  800 $-и ИМА-ро ҳамчун мукофот талаб намудааст. Ф.Х маблағи мазкурро барои дохил намудани довталаб ба донишгоҳи мазкур талаб карда гирифтааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи Ф.Х аснои гирифтани маблағ дастгир карда шуд. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!