Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

Таъсиси гуруҳи махсус алайҳи тақаллубкории баҳо дар Тоҷикистон

4 июл 2013, 09:38

Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз тақаллубкории баҳо дар макотиби миёна гуруҳи махсус таъсис додааст.

Вайсиддин Исмоилов, як масъули ин ниҳод дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “барои гирифтани пеши роҳи баҳогузориҳои қалбакӣ дар номаҳои камол, минбаъд мактабҳои миёна уҳдадор шудаанд, баҳоҳои ҷамъбастии хатмкунандаро дар давоми сол пешниҳод кунанд. Ин баҳо дар Вазорати маориф, Шӯъбаи маориф ва ҳам дар мактаб нигоҳ дошта мешавад.”

Исмоилов мегӯяд, мутаассифона дар баъзе мактабҳои миёна баҳоивазкунӣ дар вақти гирифтани номаи камол рух дода буд ва аз ҳамин лиҳоз Вазорати маориф ҷиҳати пешгирӣ намудани тақаллубкориҳо чораҳои зарурӣ андешид.

Ин масъули вазорати маориф аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар сурати мушоҳидаи тақаллубкории баҳо дар макотиби миёна ба вазорати маориф муроҷиат кунанд, то дастандаркорон муҷозот шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!