Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

“Мерседес”-и шаҳрванди Эрон ба Панҷ ғалтидааст

4 июл 2013, 10:58

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар мавзеи Зиғари ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-911» таҳти идораи шаҳрванди Эрон ба дарёи Панҷ чаппа шудааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст.

Ин ниҳод мегӯяд, 3-юми июли соли равон Абдураҳмон Кадими Нирузӣ, ронандаи ширкати эронии “Собир”, ки дар роҳи Шоҳон-Зиғар кор мекардааст, дар километри 72-юми роҳи мошингарди Дарвоз-Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба дарёи Панҷ ғалтидааст.

Ба иттилои манбаъ мусофири автомашинаи мазкур Шоев Каримҷон Амиршоевич соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, колхози Ленин дар дарё ғарқ шудааст ва худи ронанда Абдураҳмон К.Н. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!