Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:10

Мусофир дар нақби "Истиқлол" нафасгир шуду фавтид

4 июл 2013, 11:35

Шаби 3-юми июл ҳангоми убур аз нақби "Истиқлол" сокини 49-солаи деҳаи Гулистони ноҳияи Панҷакент -- Сайидов Лутфулло Муродуллоевич нафасгир шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса, ҳангоми гузаштан аз "Истиқлол" нақбро ҳавои дилгиркунанадаву вазнине фарогир будааст ва дар натиҷа нафаскашии Сайидов Лутфулло душвор шуда, то баромадан аз нақб аз дуди сӯзишвории мошинҳо заҳролуд гардидаву вафот мекунад.

Нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ аст ва шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар мепайвандад, бо кумаки молии Эрон бунёд гардидааст. Аммо бо вуҷуди ифтитоҳи расмӣ корҳои таҷдиду тармими он анҷом наёфтаанд ва дар як вазъи ногувор қарор дорад.

Ахиран парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми иловагӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар бораи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро ба тасвиб расонд. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, маблағи умумии ин тавофуқотро 6 миллион доллар арзёбӣ намуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони мардум аз он, ки иҷрои ин тарҳ ба дарозо мекашад, изҳори нигаронӣ карда ва гуфт, барои бозсозии нақби «Истиқлол» вазорат хостори даъвати ширкати чинӣ буд, чун дар ҳамкорӣ бо онҳо таҷрибаи хуб доштанд: «Вале ҷониби Эрон ба далели сиёсӣ будани ин тарҳ гуфт, ки кор аз ҷониби онҳо оғоз шудаву худашон бояд анҷом бидиҳанд. Зеро тарҳи мазкур ду бор аз ҷониби руасои кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон ба тасвиб расидааст. Баъдан Эрон пешниҳод дошт, ки 3 миллион долларро барои бозсозии ин роҳ на қарз, балки кумаки билоиваз медиҳад. Дар ҷавоб ба ин пешниҳод ҳам ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки агар ҳамчун грант 3 миллион доларро ҷониби Эрон ихтисос бидиҳад, пас, барои идомаи ҳамкорӣ дар ин тарҳ омодааст.”

Низом Ҳакимов аз шеваи муносибати эрониҳо ба ин лоиҳа нигаронӣ карда гуфт, онҳо ба тамоми пешниҳоди Тоҷикистон “хуб” мегўянду дар асл кори худро идома медиҳанд. Ба гуфтаи вазири нақлиёт эрониҳо бисёр саркашӣ мекунанд ва агар онҳо расман аз ин пружа даст кашанд, ҷониби Тоҷикистон ҳатман довталаби дигар пайдо мекунад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мушкили аслиро дар сохтмони ин нақб ҷараёни шадиди об гуфта буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахматаш кунад! Омин! Лекин ин накб сари чандин одамора хурданаш мумкин, як ГОР аст, гори бетагу бун!"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Карор буд аз 1-6-2013
таъмир шуруъ шавад чи шуд вазири мухтарами наклиёт?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд ин аввалин курбонии инсон дар гори эронихо бошад. Вале садхо техникахои шикаставу аз кор баромада ва баллонхои кафидаро касе дар борааш намегуяд. Вазири наклиёт ба кучо менигариста бошад?

Вокеан накби мазкур гори торикеро мемонад, ки дахшати онро мо танхо дар кинохо эхсос мекардем. Шояд агар хамаи маблагхои чудошуда ба таври самаранок харч мешуданду садхо дача сохта намешуданд мо ба чунин хол намерасидем.
Чи илоч? Точик фавтид. бинобар он ба ин чиз кам ахамият медиханд. Агар як хоричи худо накарда ядар чунин холат мефавтид, кайхо созандагони чунин накбро ба суд кашида чаримахои хангуфт талаб мекарданд.
"" хушбахтона"" точик нарх надорад ва аз марги вай макомотро парвое нест.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!