Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

Низомиёни Бритониё то соли 2020 дар Афғонистон мемонанд?

4 июл 2013, 16:10

Фармондеҳии неруҳои мусаллаҳи Бритониё бо баёни ин нукта, ки неруҳои Афғонистон наметавонанд, дар алоҳидагӣ амнияти кишварро таъмин созанд, тасмим дорад, то соли 2020 дар давлати исломӣ боқӣ монад. Аммо гуфта мешавад тасмими ниҳоиро дар ин маврид Шӯрои амнияти миллии Бритониё хоҳад гирифт, хабар додаст торнамои Press TV-и Эрон.

Аз ин пеш гуфта шуд, низомиёни Бритониёи Кабир то моҳи марти соли 2015 дар Афғонистон хоҳанд монд. Ин замон аз муҳлати қаблан эълоншуда се моҳ дертар мебошад. Ҳамчунин дар ин миён ҳарфҳое раду бадал шуд, ки охирин неруҳои Бритониё то охири соли оянда хоки Афғонистонро тарк мекунад.

29-уми июн Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури Афғонистон бо Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, ки ғайримунтазира вориди давлати исломӣ шуд, мулоқот кард. Дар ин дидорҳо муносибатҳои дуҷониба ва ҳамчунин раванди оташбас дар Афғонистон баҳс шуд. Дэвид Кэмерон ваъда кард, кишвараш баъди соли 2014 низ ироаи кӯмакҳо ба Афғонистнро идома хоҳад дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!