Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:19

Донишҷӯёни туркман дар ғалбери амниятиҳо

4 июл 2013, 16:45

Донишҷӯёни Туркманистон, ки дар хориҷи кишвар, ба вижа Туркия таҳсил мекунанд ва барои таътил ба ватан баргаштаанд, бо фишори Вазорати амнияти миллӣ (ВАМ) рӯбарӯянд. Дар ин бора торнамои «Хроника Туркменистана» хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, чанд донишҷӯйи донишгоҳҳои мухталифи Истанбул ба шӯъбаи минтақаии ВАМ даъват шудаанд. «Аз онҳо дар мавриди эътирозҳои оммавӣ дар шаҳрҳои Туркия пурсидаанд. Афсарони амният талош кардаанд, бидонанд, то ин донишҷӯён ё шиносҳояшон дар ин эътирозҳо ширкат доштанд ё на».

Дар ВАМ ба донишҷӯён ҳушдор додаанд, ки агар то моҳи сентябр вазъият дар Туркия ба эътилод наояд, иҷозаи рафтан ба он кишварро нахоҳанд дошт ва аз идомаи таҳсил маҳрум хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои расида, танҳо дар доираи барномаҳои давлатӣ беш аз 400 донишҷӯи Туркманистон дар Туркия таҳсил мекунад.

Моҳи августи соли 2009 гуруҳи бузурге аз донишҷӯёни Туркманистон, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд, ҳамчунин баъди таътили тобистона иҷозаи баргашт ба муассисаҳои олиро дарёфт накарданд. Он вақт ба «руйхати сиёҳ»-и мақомоти Туркманистон беш аз ду ҳазор нафар ворид шуда буд.

Баъди ин бештари донишҷӯёни Туркаманистон, ки дар хориҷ таҳсил доранд, кушиш мекунад дар таътили тобистона ба ватан барнагарданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!