Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:18

Крупнов гуфт, Путин пуштибони Раҳмон дар Кремл аст (Навшуда)

5 июл 2013, 08:28

Юрий Крупнов, раҳбари Ҳаракати рушд, имрӯз, 5-уми июл, зимни як ҳамоиш дар Душанбе изҳоротро, ки дар Кремл аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон монда шудаанд, беасос гуфта, элитаи Русия дар симои президенти ин кишвар Владимир Путинро пуштибони Эмомалӣ Раҳмон хонд.

Крупнов зимни ҳамоиш дар мавзӯи "Мушкилоти рушди муштараки авруосиёи Тоҷикистон ва Русия" таъкид намуд, ки пурқудратии Тоҷикистон ин орзуи Русия аст. Ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дорад, то ба “Шери минтақаи АвруОсиё” табдил ёбад. Крупнов гуфт, ки ба ҳар гуна пешгӯӣ ва изҳороти коршиносони рус дар мавриди Тоҷикистон аҳамият додан даркор нест.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Озодагон” миёни коршиносони маъруфи рус суол гузошт, ки оё Андрей Грозин, раҳбари бахши Осиёи Марказии пажуҳишгоҳи ИДМ ҳақ аст, ки гуфт дар Кремл ҳомиёни Эмомалӣ Раҳмон намондаанд? Мусоҳибон посухҳои зиддунақиз доданд.

Крупнов гуфт, Путин пуштибони Раҳмон дар Кремл аст (Навшуда) Даниил Кислов, сармуҳаррири хабаргузории “Фергана”: "Ба фикри ман Путин ва Раҳмон умумият доранд. Ҳар дуяшон ҳам президентҳои мардумӣ нестанд. Бино ба ин бовар дорам, ҳардуяшон манофеи муштарак, вале на мардумӣ доранд. Вазъ дар Тоҷикистон ҳамонгунааст, ки дар Русия ва фикр кардан, ки дар ҳукуматдорони Русия аз шарикони тоҷикистонияшон бовиҷдону масъулиятдортаранд аблаҳист. Ростӣ барои ман аҳамият надорад, ки дар Маскав аз Раҳмон монда шудаанд ё на. Агар Кремл монда шудааст, ба он маъно, ки мехоҳад барои тоҷикон дар роҳи дастёбӣ ба демократия кӯмак кунад, ман харсандам. Аммо Кремл бояд аввал дар кишвари худ ҳокимиятро дар ихтиёри мардум гузорад."


Крупнов гуфт, Путин пуштибони Раҳмон дар Кремл аст (Навшуда) Аркадий Дубнов, журналист: "Дар маҷмӯъ бо Грозин розиям. Ба назарам дар Маскав аз Раҳмон монда шудаанд. Кифояти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо чоҳталабияш муқоисашаванда аст. Президенти Тоҷикистон ба он сатҳе, ки дигар аз он гузашта наметавонад барвақт расидааст ва воқеияти асри 21 тамоман навъи дигари роҳбариятро талаб мекунад, на онеро, ки ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон нишон дода истодааст."

Ахиран Андрей Грозин, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи умури кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар Маскав, гуфт, “ҳоло метавон ба таври ошкоро ҳарф зад, дар ҳукумати Русия мансабдорони воломақоме, ки аз Эмомалӣ Раҳмон ва командаи ӯ ба хотири анҷоми вазифаҳои бузург дар Тоҷикистон ва мардумаш ҳимоят мекарданд, боқӣ намондааст.”

Оқои Грозин, ки ин ҳарфҳоро дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “REX” баён доштааст, афзуда, ки “маҳз аз ҳамин ҷо решаи аксарияти воҳимаҳои раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон тақвият меёбад.”

Ба гуфтаи ин коршиноси рус, вақт вазъияти элитаи тоҷику русро тамоман тағйир додааст. “Дар ҳар сурат, дарк кардаанд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон амну субот дар Тоҷикистонро яксон таъмин карда наметавонад. Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои ҷомеаи тоҷику давлати ин кишвар якранг муносибат намекунад”,-афзудааст ӯ.

Андрей Грозин дар идома гуфтааст, мақомоти тоҷик новобаста аз он ки шартнома оиди будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба тасвиб мерасонанд ё на, ё суол дар мавриди нерӯгоҳи Роғун, барои ҷониби Русия дигар ҳамчун шарики стратегӣ эътимодбахш боқӣ намондаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шохзамон

  • 5 июл 2013 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гуфтанду , мегуянду хоханд гуфт. ну и что ? Рахмон президент мешавад! Кадом хизби сиесии Точикистон дар давоми ин 16 сол кадри худро тайер кардааст, ки вокеан ба ормонхои милли чавобгу бошад?. ХЕЧ! Точикон мисли мардуми киргиз хушеру бедор мебуд интизори дигаргуние имкон дошт. Роххои рушди кишварро ефтан лозим. Оромии он оромии хонадон,хонишу фаъолияту ояндаи фарзандони мову шумост. Писимист шудан лозим нест . Ман хам зиед мехохам як тахавулоти чиддиро дар кившар. Аммо бо киву чи гуна. Хар чанд дар тарозуи хирад баркашидам агар яке баробар афтад баъзе критерияхое хастанд ки боз медорадаш. Ин мебанам ки чашми Амрикову Россия тезтар мешавад ба суи кишвари мо . Чину Ирон аз суи дигар . Айни замон ягона роххро дар бедоркардани мардум дар ину он масъалаи аввал мебинам ..дигар гуфтанду мегуянду хоханд гуфт..
Посух додан
  • Точик

  • 8 июл 2013 00:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Шохзамон пурсиданиям, ки ормонхои милли гуфта чиро мефахмад? ормонхои милли мо танхо дар фиребгари хакки мардумхури зулм ба мардам аст? Шохзамон,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!