Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Ифшои номи "хиёнаткор" дар гуруҳи Умаралӣ Қувватов

5 июл 2013, 15:15

Ҷонибдорони Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” мегӯянд, хиёнаткореро, ки аз ҳар қадаму кору ҷонибдорони Қувватов ба мақомоти тоҷику Дубай хабар медодааст, ифшо кардаанд.

Николай Николаев, вакили дифои Умаралӣ Қувватов, дар саҳфаи “Facebook”-и худ навиштааст, “Сӯҳроб Ниёзов, шахсест, ки бо мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, тамоми маълумот дар мавриди Умаралӣ Қувватовро аз Дубай ирсол мекардааст. Нахуст, Сӯҳроб ба мо пешниҳоди кумак кард ва эътимоди моро ба даст оварда, аз ҳар қадами мо дар Дубай ба мақомоти дахлдор хабар медодааст.”

Ба гуфтаи Николаев худи Сӯҳроб Ниёзов ҳам иқрор кардааст, ки ҷосуси дуҷонибаи Тоҷикистон ва АМА буда, таъкид намудааст, ки ҳамкориро бо мақомот ба хотири гирифтани раводид ба роҳ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи шаҳри Дубай моҳи апрел ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии "Гурӯҳи 24", ба Тоҷикистонро содир кард. Вале Қувватов аз болои ин қарор шикояти апелятсионӣ бурд, ки ният аст, 17-18 уми август мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта масъули ширкати “Фароз” буд, тобистони соли 2012 ба Маскав рафт ва аз таъсиси созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” хабар дод. Ӯ худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кард ва гуфт, ки бояд дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ президент Раҳмон иштирок накунад.

Аммо баъдан моҳи декабри соли гузашта ӯ дар фурудгоҳи Дубай бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт гардид. Мақомот ӯро дар дуздии 6 миллион доллар пули ширкатҳои “Тоҷирон”-у “Фароз” ва шарикони тиҷории онҳо муттаҳам мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!