Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Ифшои 94 ҳолати ташкили фоҳишахона ва занҷалобӣ дар Тоҷикистон

5 июл 2013, 16:40

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳаи аввали соли равон дар кишвар як қатор ҷиноятҳои алоқаманд бо хариду фурӯши одамон ошкор карда шуд, ки аз онҳо 94 далелаш ба ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ, ё занҷалобӣ рост меояд.

Тавре аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ин давра 50 далели алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, 25 далели ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, 17 далели ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ ошкор шудаанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Исломова Ситора соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, дастгир шудааст, ки беш аз 6 далели ҷалби одамон барои истисмор аз ҷониби ӯ ошкор гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, Шаҳрванд Исломова мехост даҳҳо нафар занону духтарони тоҷикро тавассути дигар давлатҳои хориҷи наздик ба мамлакатҳои Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол диҳад, ки ин амали ӯ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор ва пешгирӣ карда шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди анҷоми тафтишот барои моҳиятан дида баромадан, ба суд ирсол карда мешавад: «Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД шаҳрванд Умаров Баҳриддин соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Конибодом дастгир карда шуд, ки ӯ мехост бо баҳонаи бо ҷойи кори сердаромад таъмин намудан як нафар ҷавондухтарро ба шаҳри Дубай барои истисмори шаҳвонӣ бурда, ба танфурӯшӣ ҷалб намояд. Нисбати ҷинояткори мазкур бо ҳукми суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 7 солу шаш моҳ татбиқ карда шуд».

Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД шаҳрванд Азимова Мавҷуда соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд, ки ӯ мехост тавассути гузаргоҳи «Панҷи поён» бо мақсади ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ ду нафар ҷавондухтаронро ба шаҳри Кобули Афғонистон бурда, барои ба даст овардани маблағи калон ба танфурӯшӣ ҷалб намояд.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда ҳангоми амалиёти махсуси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир карда мешавад. Нисбати амали ҷинояткоронаи шаҳрванд Азимова Мавҷуда бо моддаи 132 қисми 3 банди «б» КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур ба мӯҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунад, ки барои мубориза бо хариду фурӯши одамон бо ин ниҳод ҳамкорӣ кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
In xoinoi millat, xiyonatkoroni dinu oin va rasmu rusum ..... 6sol 7sol xele kam ast baroi in jinsi lain... inho ofat hastand va in ofathoro boyad az bain burd...
bo tashakkur.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!