Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Ба Зайд Саидов чӣ намерасид?

6 июл 2013, 09:18

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ӯ беш аз 45 шабонарӯз боз дар кунҷи зиндон аст. Беш аз 45 шаб аст, ки дар манзили худаш хоб накарда ва беш аз 45 рӯз мешавад дар кӯчаҳои Душанбе қадам назадааст. Бо вуҷуд, дар ҳамин 45 рӯз расонаҳоро ҳамеша бо хабарҳои доғ таъмин мекунад.

Хеле кам шудааст, ки як соҳибкор дар бештар аз як моҳ чеҳраи рақами аввали аксари расонаҳо боқӣ бимонад. Аммо ӯ аз замони эълони азмаш барои таъсиси як ҳизби сиёсӣ дигар моли ВАО ва ҷомеа шуд. Номи ӯ номи Тоҷикистонро ҳам то расонаҳои ғарбӣ бурд. Қазияи Зайд Саидов дар ҳавои интихоботии кишвар абри сиёҳеро мемонад. Абри баҳорие, ки маълум нест борон ё жола дорад, аммо ҳама медонанд, ки бидуни боридан ҳаракат нахоҳад кард. Мардуми огоҳ мегӯянд, ин абр сабук нахоҳад гузашт ва хисоротеро ба ҳосили умедҳояшон ворид хоҳад карда, навдаҳои сабзи зироати боварҳояшонро хоҳад шикаст.

Одатан воқеа ва ҳодисаҳо бо гузашти рӯзҳо ба як чизи маъмулӣ табдил мешаванд, аммо бо гузашти ҳар рӯз аз қазияи Зайд Саидов он доғтар ва пурсарусадо шудан дорад. Маъракаи бузурги таблиғотӣ алайҳи ӯ дар расонаҳои давлатӣ ва пуштибонӣ аз ҷонибдоронаш дар ВАО-и мустақил намегузорад, ин мавзӯъ ҷояшро дар раддаи аввали хабарҳо тағйир диҳад.

Дар матлабҳои алайҳи ӯ навишташуда Зайд Саидов инсоне қаламдод мешавад, ки ҳамеша бо фиреб кардани дигарон сарват андӯхтааст, аммо онҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз вай мақола нашр кардаанд, иддао мекунанд, ки инсони ҳалолкору худотарс буда, ҳар чӣ ёфтааст, натиҷаи заҳматҳои худаш ҳастанд.

Баъди эълони тасмим дар бораи таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», ки боздошти Зайд Саидовро дар пай дошт, бархеҳо мепурсиданд, ки чаро нафаре ки ҳама чиро дошт, дидаву дониста худро дар банд андохт? Аммо зоҳиран худи Саидов ҳамон шабу рӯзҳои таъсиси гурӯҳи ташаббускори «Тоҷикистони нав» гуфта буд, ки вазъи феълии кишвар, ки умедро ба ояндаи хуб коҳиш додаст, ӯро ба чунин як иқдом тела доданд.

Ин тасмим фавран ба вокунишҳои шадид рӯбарӯ шуд. Ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз эълони тасмими ҳизби нав гуруҳи ташаббускори он хабар дод, ки унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид”.

Субҳи 19-уми май ҳангоми аз Фаронса баргаштан, Зайд Саидов дар фурудгоҳ боздошт шуд ва айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд.

Соҳибназарон дар пешгӯӣ кардани вазъ оҷизанд. Касе ҳатто тахмин карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад. Ҳоло рӯшан нест, ки боз чӣ иттиҳомоте алайҳи Зайд Саидов эълон мешавад.

Бо ин ҳама коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд. Ба хусус онҳо ба маъракаи қарибулвуқӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ишора мекунанд. Агар воқеан чунин аст, пас ҳар нафареро, ки берун аз марзи ҲХДТ номзад ба маснади президентӣ мешавад, тақдири Зайд Саидов интизор аст?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОБОДИИ ВАТАН! РИОЯИ КОНУН! Баргардонии дувуним миллион халки точик...! Магар ба дигарон чи намерасад, ки барои вазифа конун шикани мекунанд ва курсихоро чор чангола махкам капиданд ё дар адреси вайхо гап задан конуншиканист.????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
қаламдод - яъне чи? доди калам?
Посух додан
  • сазовор

  • 8 июл 2013 16:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз мегуянд ки "дар таги коса ним коса" аст. Зинда бошем мебинем ин косаву нимкосахоро. Асос, окибатшро ба хайр гардонад.
Посух додан
  • kova

  • 9 июл 2013 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ту парвози баланд карди,ки лочину укоб яке задандат ееее кабутари соддаТочикистони нав,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!