Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

"Ҳамаи мо дар марги Ҷаннат Усмонова гунаҳкорем"

6 июл 2013, 11:43

Галина ЮНУСОВА

Билохира, “нафари гунаҳкор” пайдо шуд! Оне, ки сабабгори фасодзадагии низоми маорифи кишвар аст, ба сазояш расид! Ӯ муаллимаи куҳансол, мудири кафедраи забони русии як омӯзишгоҳи Хуҷанд будааст.

Саҳна мисли ҳамешагӣ ва оддист: муаллима пул гирифт, пули гирифта аломат доштааст ва кормандони ожонсии зидди фасод дар наздикиҳо “гаштугузор” мекардаанд. Муаллимаи 64-соларо ба ожонсии мазкур бурда, “суҳбат карданд”. Ҳатто, ҷавобаш додаанд. Аммо инаш аҷиб, ки пас аз суҳбат муаллима ба ҳаёти муқаррарӣ барнагашт. Ӯ на назди шогирдон, шавҳар, фарзандону наберагон, балки ба соҳили Сирдарё рафт. Ҷони худро ба мавҷҳои оби он супурд. Боз як фоҷиаи дигар.

Танҳо Худо медонад, ки бо ӯ кормандони ожонсии зиддифасод дар чӣ хусус суҳбат карданду чӣ гуфтанд? Чӣ чиз ӯро маҷбур кард ба чунин амал даст занад? Худи Ҷаннат Усмонова дигар ҳаргиз ин розро ба мо намекушояд. Ба суханони “суҳбаткунандагон”, пас аз воқеъаи рухдода, ба фаҳмишам рост намеояд.

Агар ба назар гирем, ки мо дар кишваре ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем, пас мантиқан оилаи марҳум метавонад кормандони Ожонсиро ба суд кашад, то барои “расондан ба худкушӣ” ҷавобгар бошанд.

Ҳамон манбаъ, ки ба рузноманигорон дар бораи ҳодисаи рухдода хабар дода буд, ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҳолати панҷуми фасод аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои олии таълимии Суғд аст. Чи бетартибӣ! Тасаввур кунед, ПАНҶ ҳолат!

Дар ҳамин ҳол, ҳамагон медонанд, ки таҳсил дар Тоҷикистон кайҳо боз дар сатҳи ғайрирасмӣ бепул нест. Агар дар оғоз он зери пардапӯшиҳое ҳамчун “кумакпулӣ” ба муассисаи таълимӣ ё таъмироти беохиру номаълум ҷой дошт, пас ҳоло чунин пардохтҳо як қисми низоми маориф аст ва пӯшида нест, ки барои дохил шудан ба дилхоҳ муассисаи олии таълимӣ, дониш лозим нест. “Пушт” ва пул даркор. Беҳтараш – ҳам “пушт”, ҳам пул.

Нархгузорӣ дар муассисаҳои гуногун яксон нест ва аз шуҳрати муассиса ва нафси раҳбарияташ бастагӣ дорад. Бале, нафси роҳбарият. Фикр мекунед, дохил шудан ё нашудани довталаб танҳо аз як нафар бастагӣ дорад? Не, ин масъала дар сатҳҳои болотар ҳал мешавад ва маблағи шумо низ ҳамагӣ ба кисаи муаллими “шиносатон” нарафта, балки тақсим мешавад. Тақдири довталабро нафароне ҳал мекунанд, ки боре ҳам ӯро надидаанд.

Дар баробари ин, агар шумо пули кофӣ барои пардохти ҷои паси мизи донишгоҳ доред, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки шумо дохил мешавед. Шояд, нафаре пули бештаре дорад, ё “пушт”-и бақувваттар... Шумо бошед, баумед пул ҷамъ мекунед ва барои эҳтиёт, китобҳоро варақ ҳам мезанед.

Аммо ин танҳо дохилшавист. Худи раванди таҳсил саҳнаи дигар аст. Боз кӯшиши хондан ва донишандӯзӣ лозим. Аниқтараш, “таҳсил”... Ин бозии сатҳи дигар аст. Онҷо маълум мешавад, ки хондан лозим нест. Нархгузории имтиҳону санҷишҳо ҷои худро дорад.

Гоҳо донишҷӯ кӯшиш мекунад, кори лабораторӣ ё ягон вазифаи дигарро менависад ва ба муаллим месупорад. Аммо он дубора ба ӯ бармегардад: гӯё, хатоҳои зиёде дорад, ки бояд ислоҳ шавад. Ва ҳамин тавр, чанд бор... То он, ки ягон нафар ёрдамчии муаллим ӯро ба каноре даъват намуда, ваъда медиҳад бо устод маслиҳат кунад, танҳо бояд донишҷӯ ин корро харад. Аммо аксари донишҷӯён худро азоб намедиҳанд, чун медонанд, ки ин танҳо талафи вақт аст: ба ягон донишҷӯи курсҳои болоӣ ё кормандони сатҳи поини кафедраю факултаҳо маблағи муайяне супурда, вазифаро дар шакли омода мегиранд. Миёни ин “иҷрочиён” ва устодон гӯё шартномаи ғайрирасмие ҳаст, ки ин корҳо ҳатман қабул мешаванд. Осиёби маориф ба ҳамин минвол мечархад...

Имрӯз каманд нафароне, ки дар ҳақиқат таҳсилдида бошанд ва ҳама тавоноиашонро – на молӣ, балки зеҳнӣ - барои андӯхтани дониш равона намоянд. Чунки одами боақл ҳангоми интихоби донишгоҳ мефаҳмад, ки агар ихтисоси худро хуб наомӯзад, бо он дар оянда кор карда наметавонад. Ҳамчунин, бояд дар назар дошт, ки ҳеч як донишгоҳ, омӯзгор, китоб ё адабиёти дигар наметавонанд беҳтар аз таҷриба бошанд.

Агар ба хотир орем, ки давраи таҷрибавӣ барои донишҷӯён боз ба масъалаи маблағ бармегардад, мефаҳмем, ки чӣ гуна мутахассисон бинои донишгоҳро пас аз итмоми таҳсил тарк мекунанд. Духтуроне, ки намедонанд аз кадом тараф назди бемор наздик шаванд, ин ихтисосро ба хотири даромади зиёдаш интихоб намудаанд. Муаллимоне, ки ҷумларо дуруст тартиб дода наметавонанд ва ягона нишони саводашон дипломашон аст, ки барояшон гарон афтода аст. Ҳуқуқшиносоне, ки намедонанд ҳуқуқ чист, аммо ба ин роҳ ба хотири обрӯ рафтаанд. Ва шумораи зиёди “мутахассисони” дигар, ки танҳо ҳунарашон – гирифтани пора аз як нафар ва додани он ба каси дигар аст.

***

Ҳоло ҳеҷ кас ба боварӣ гуфта наметавонад, ки Ҷаннат Усмонова дар ҳақиқат пора гирифта буд, ё ин танҳо бозие буд ба хотири дур кардани гумон аз гунаҳкорони ҳақиқӣ, ки “вазни” бештар доранд? Шояд, ӯ, ки дар замони шӯравӣ таҳсилу тарбия дида буд, дар раҳи худ росттар аз дигарон буда ва ба нафаре барои “кор кардан” халал мерасонд? Шояд, ӯ интихоби дигаре надошт. Аксаран, муаллимони қаторӣ пиёдае дар тахтаи бозиҳои “калонтарон” њастанд. Ба хусус ки Усмонова нафақахӯр буд. Шояд, ин саҳнаро гузошта буданд, то ӯро дур кунанд ва як ҷои дигар барои “муаллимони” гаправтар холӣ кунанд. Касе намедонист, ки ин зан пурсуҷӯйро набардошта, ба худкушӣ даст мезанад.
Аммо ӯ – шахси принсипнок ва масъул, ки одат кардааст бо рафтор ва дарсаш ба шогирдонаш намунаи ибрат бошад – чунин шармандагиро бардошта натавонист.

Не, ман ӯро намешиносам, мутаассифона. Аммо нафарони зиёди дигареро медонам, ки ҳамонанди ӯ ба кори худ содиқанд, нафароне, ки арзишҳояшон бо пул анҷом намеёбанд, касоне, ки виҷдонашонро намефурӯшанд…

Дар марги Ҷаннат Усмонова кӣ гунаҳкор аст? Фикр мекунам, мо ҳама – ҷомеае, ки чунин рафторро ба инсон, ба низоми маориф, ба ҳаёт дар маҷмӯъ, раво донистем. Осиёб мечархад...


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи бетартибӣ! Тасаввур кунед, ПАНҶ ҳолат! хамин хамин панч холат хоси донишгохи кулоб хаст.баъди ректори нав у олимоне ки нафака мегиранд онхоро аз вазифахо чавоб дод номзадхои илме ки дар шурави хондаанд вазифа намедихад.мудирон кафедра ва деканхоро аз руи махал ва бе номзад интихоб иенамояд ки бовар кунед ариза навишта наметавонанд.касе ки ба у пул чамовари мкунад уро ба укчанд вазифа пешбари мекнад,хато тамоми тестхо фурухта шуданд.бинед ки дар имтихохои тести доничу валантиук аст худатон фикр унед...
Посух додан
  • Mirzoali

  • 6 июл 2013 19:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
khonum Shoira in farmoni rektor nest ki nafakakhuronro az sathi rohbari sabuk dush kunand in farmoni janobi oli ast. Hamchunin Abdullo Tabarov dar vakti dar DMT kor kardanash va pesh az in dar kitobkhonai patenti rohbar budanash meshinokhtam chunin nafari porakhur nest az kase tamaham namekunad shumo mushkilie doshtaboshed bashumo kumak mekunand neki man bovari doram ki bore baroi shikoyate ba peshi u naraftaed ..... On testfurusheki hast az davrai peshtar furukhta omadaistoda ast imruz ne .... Tabarov az berun omad holo ba vaziyti dokhili donishgoh pura shinos nest ki mekhurad ki namekhurad hamaashro muayan karda nametavonad .... Khonum shoira agar dalelho doshta boshed ba pochtai man navised kushish mekunem in khabarhoro ba onhoi dar in samt faoliyat doshta rasonem: mirzo_istiqlol@mail.ru boumedi hamkori
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
корочи ами гапхо ай хакикат ягон нукта берн нест. Чанд сол пеш И ходисахо ай сари ма гзаштан. Ай математика экзамен споридм бахои чорда. бояд акалан 3 мемондан но номарди кард аму муалими Худобехабар. Агар Худо мара судний день ичоза тия болои аму саг даъво мекнм. Мара 2 мондан. 70 сомон талаб кардан но ма надоштм ами сума. Хай шояд такдир бд.
Посух додан
  • хамсояи муаллима

  • 6 июл 2013 21:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз муаллима 25 хазор сомони пора талаб кардаанд. Агар надихи дар телевзор нишон медихем гуфтаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар одам наметавонад аз азоби вичдон, тарси шармандаги худкуши кунад? Беасос гунахкор кардани кормандони Очонси, ки холо дар хама матбуоти хусуси дида мешавад, буи необъективность дорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дуруст аст, ко пора амали ночоиз аст, вале суол: ба фикри шумо асистент бо 4 фарзандаш дар чунин як замоне, ки нархи як кило орд 2.5с аст, бо 630с маош зиндаги карда метавонад? Аз инам ачоибаш шумо пеш аз он ки ба воситаи студентони бесавод устодонро ба даст галтонед, аввал милионхо сомон пораи боломакомонро каппед...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Валантиукаш цизе гуфтаги гап. Шояд Валангориук бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нахуст салом мерасонам ба мухтарам Галина барои чунин часораташ. Вакте, ки маколаро хондам, хаёл кардам, ки навиштаи ман аст, фикри ман аст, дарди ман аст. Ахсант! Гапхоятон гарчанде дуруст бошанд хам, аз нигохи рузноманигори бе далел сухан гуфтанатон нигаронкунанда аст. Лекин ба фикри ман барои одами боакл махбасхо пур аз далеланд, ё ин ки: Офтоб омад, далели офтоб, Гар далел мехохи аз вай ру матоб. Боки казоват аз хонандаи закист.
Посух додан
  • 55

  • 17 июл 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаннат Усмонова хела муаллимаи баномус ва поквичдон будааст! Вагарна чунин рафтор намекард! Номусашки баланд буд вичдонаш пок ин кухмат ва шармандагиро кабул карда натавонист ва даст ба худкуши зад! Як мисоли одди агар у пора мегирифт? Пас чаро пораи гирифтаро хамрохи худ набурд ва дар дасти котиба дода рафт? Аз ин чо маълум мешавад ки у аз ин пора хабар надошт?!...
Ин чо факат як чиз аст! Курси хонум чаннат барои кадоме даркор буд ва у бо воситаи кормандони зидди фасод ва пора уро аз сари рохи худ дур кардааст!
Дар ин казия якум он инсоне ки порра дод ва ташкилкунандаи ин мочаро аст, дуюм кормандони зидди фасод барои ба худкуши расонидани хонум Чаннатой чавоб гуянд!
Худованд чоашро чанннат кунад ва ба ахли байташ сабри чамил ато кунад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ГАЛИНА ЮНУСОВА ДАР МАРГИ ЧАННАТ УСМОНОВА МО НЕ БАЛКИ ХАМ ОЧОНСИИ ЗИДДИ ФАСОДИ ТОЧИКИСТОН ГУНАХКОР АСТ ВА ХАМ ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОН ДИГАР КАСЕ ГУНАХКОР НЕСТ...... ВА ГУНОХИ МО ИН АСТ, КИ МО БО ИН КОРХОИ ВАХШИЁНААШОН БА ОНХО ФИШОР НАМЕОРЕМ.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!